Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Дар байни файласуфони бузурге, ки дар пайдоиши назарияи менеҷмент ҳиссаи бузург гузоштаанд, инҳоро номбар кардан мумкин аст: Ҷон Локк (1632-1704), Томас Гоббс (1588-1679), Адам Смит (1723-1790), Сен-Симон (1760-1825), Шарл Фурье (1772-1837), Роберт Оуэн (1771-1858), Дэвид Рикардо (1772-1823), Ҷон Стюарт Милл (1806-1873), Алфред Маршалл (1842-1924). Ин олимон, файласуфон ва иқтисодчиёни англис мебошанд, ки илми менеҷментро бо воситаи фалсафаи иҷтимоию сиёсӣ инкишоф доданд. Дар қатори инҳо олими бузург Роберт Оуэн - ҳамчун «роҳбари амалӣ» яке аз асосгузорони «Назарияи менеҷмент» шинохта шудааст.

Дар инкишофи илми менеҷмент иқтисодшиносон мақоми хоса доштанд. Гарчанде ки дар навбати аввал зиддиятҳо буданд ва пешравии иқтисодиётро асосан дар ҳаракати мол медиданд.

Баъдтар иқтисодчиёни бузурги англис Питер Друкер ва Алфред Маршалл (1842-1924) идоракуниро дар қатори дигар омилҳои самаранокӣ ба монанди замин, меҳнат ва капитал дохил намуданд.

Иқтисодчиён Сен-Симон ва Шарл Фурье (1772-1837) дар бораи моҳияти идоракунӣ ва зарурияти пайдо намудани захираҳои баландбардории ҳосилнокии меҳнат ва танзими сохтори иҷтимоӣ ва инчунин мақоми аввалиндараҷа доштани идоракунӣ дар тақдири ояндаи ҷамъият корҳои зиёде карда, баҳои баланд доданд.

Иқтисодчии амрикоӣ А. Гамилтон, қувваи ҳаракатдиҳандаи инкишофи иқтисодиро дар идоракунӣ дида, онро ҳатто аз омилҳои иқтисодӣ пеш мегузорад.

Сарчашмаи асосии мактаби назариявии менеҷмент ва тейлоризми асри ХХ ин таҷрибаи инкишофи саноатии асри XVIII-XIX буда, дар худ гурӯҳи калони менеҷеронро пайдо намуда буд. Инкишофи интенсивии саноат пайдоиши партовҳои зиёди саноатӣ, бад шудани шароити кории коргарон дар ин давра зарурияти танзимро ба миён овард.

Маҳз дар ҳамин давра шаҳрҳои калони саноатӣ пайдо мегарданд, ки дар инкишофи менеҷмент мақоми калон доранд. Марказҳои таърихии менеҷмент Бобул, Манчестер, Филаделфия, Чикаго, Самарқанд, Санкт-Петербург ва Москва мебошанд.

пешина
аз 465
навбатӣ