Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан

меъёрро риоя карда тавонад. Аз ин нигоҳ дар илми менеҷмент маҳз усули меъёри мақоми аввалиндараҷа дорад.

Қоидаи дигари мактаби Макнавелли ин таносуб ва маҳдудият аст. Тамоми одамон новобаста ба он ки чӣ хел зиндагонӣ доранд мақсади сарватмандӣ ва шарафро доранд. Ҳар як шахс барои худ роҳҳои гуногунро интихоб менамояд ва ба мақсад мерасад. Яке бо дониш, дигаре бо қувва ва зиракӣ, сеюмин бо фиребгарӣ ва амсоли ин.

Интихоби мақсад пеш аз ҳама бояд ба муҳит, вазъият, имконот ва вақт вобаста бошад.

Дар қоидаи таносуб Макнавелли маҳз 3 чизро таъкид кардааст: «мақсад- восита-ҳолат».

Қоидаи маҳдудиятро бошад, дар он мебинанд, ки мавҷудияти қонуни объективии инкишоф ба он оварда мерасонад, ки объектҳои моддӣ, шакли идоракунӣ, фаъолияти корӣ ва одамон дар ҳаракат мебошанд ва ба монандӣ гардиши ақрабаки соат ҳаракат мекунанд. Аммо инсоният рафтори бошуурона карда, фақат ҳаракати ба муваффақият соҳиб шуданро дорад.

Мувофиқи омӯзиши Макнавелли қонуни маҳдудиятҳо ва боҳамзидҳои зайл вуҷуд доранд:
некӣ ва бадӣ;
боло ва поён;
пастравӣ ва болоравӣ.

Ин се ҳолат мунтазам дар ивазшавии якдигар мебошанд.

Ҳамин тариқ, мактаби Макнавелли дар инкишофи назария ва таҷрибаи менеҷменти иҷтимоӣ бузург буда, аввалин шуда, мафҳуми «давлат»-ро ҳамчун ташкили сиёсии ҷамъият муайян намудааст. Идеяи Макнавеллиро имрӯз намояндагони назарияи сотсиологӣ В. Парето, Э. Ҷеннинг, Г. Моска, Ҷ.Р. Миллс, инчунин намояндагони назарияи бюрократӣ — М. Вебер, Р. Михелс, А. Бонадко ва дигарон тарафдорӣ мекунанд.

Мактаби классикии назариявии менеҷмент. Маъмулан ду мактаби бузурги менеҷмент то аввалҳои асри ХХ ҳамчун асосгузорони назария ва амалияи менеҷмент дар таърих шинохта шудаанд.

пешина
аз 465
навбатӣ