Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
Мавқеи шахсӣ - яъне обрӯю эътибор доштан, алоқаи мустаҳкам ва пулу мол доштан мебошад.
Камбудиҳои шахсӣ - бошад, дониши мукаммал надоштан, рафтори дағалона доштан ва берун аз ҷамъият зиндагонӣ кардан мебошад.
Аксари файласуфон дар он ақидаанд, ки одамон метавонанд, ки ҳукмрониро аз даст диҳанд, ё худ мавқеашро бой диҳанду ризо шаванд, вале агар молу мулк бой диҳанд, ҳеҷ гоҳ ризо намешаванд.
Подшоҳ хато намекунад, агар донад, ки рафтори одамонро ду чиз идора мекунад:
- Тарс.
- Дӯстдорӣ.
Маълум аст, ки шахсе, ки аз ӯ мардум метарсанд, идора карда метавонад. Дар ин ҷо тарс на фақат бо маънои қувваи ҷисмонӣ, балки дониш, ақлу хирад, зиракӣ ва кордонии роҳбариро дар назар доранд.
Дӯстдорӣ хеле нозуку нафис мебошад, ва дар арзишҳои хеле баланди инсонӣ қарор дошта, хеле ҳам мушкил мебошад.
Доимо байни он, ки мардумон чӣ хел зиндагонӣ карда истодаанду чӣ хел бояд зиндагонӣ кунанд, масофаи хеле калон вуҷуд дорад.
Инсони соҳибхирад бояд доимо кӯшиши дар тарозуи ақл баркашидани вазъиятро дошта бошад ва натиҷаи рафтори худро баҳо дода тавонад.
Роҳбарон набояд, ки нисбати хиёнаткор, ё шахсони иғвоангез сустирода бошанд. Чунки агар ӯ як нафарро ҷазо надиҳад, тамоми ҷамоа ҷазо мегирад, ё зарар мебинад.
Макнавелли менависад, ки роҳбарон бояд худро на золим ва на хуб, балки устувор нишон диҳанд. Чунки мардумон пеш аз ҳама роҳбари сустиродаю беқавлро маломат мекунанд, на золимро.
Пешвои донишманд бо худ се сифатро бояд дошта бошад: 1. Сифати шер зиракӣ. 2. Рафтори махфӣ доштан. 3. Ҳамчунин пешво ду хислатро дошта бошад: яке қобилияти худодод, дигаре таҷрибаи зиндагӣ.
Бо гуфтаи файласуф Макнавелли «табиат одамонро чунон офаридааст, ки онҳо ҳар чӣ хостан мегиранд, аммо на ҳама вақт онро ба даст меоранд». Асоси норозогиро ин ду хоҳиш ташкил мекунад. Дар ҳама ҳолат инсоният бояд

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё