Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
Мутахассисон чор қоидаи Макнавеллиро, ки ба инкишофи менеҷмент таъсир расониданд менависанд:
- Эътибору мақом ва ё ҳукмронии пешво аз дастгирии тарафдорон вобастагӣ дорад.
- Шахсони итоаткунанда бояд донанд, ки аз пешвои худ чиро интизор мебошанд ва инчунин пешво аз онҳо чиро интизор аст.
- Пешво бояд иродаи баланди зиндагониро дошта бошад.
- Пешво — доимо намунаи инсони ҳақиқатпарасту донишманд барои атрофиёнаш бошад.
Дар замоне, ки Макнавелли умр ба сар бурдааст, подшоҳон худро намояндагони маданият ва инкишофи пешқадам ҳисобида, доимо барои ҳақиқатпарастию озодӣ ва мустақилияти одамон мубориза мебурданд.
Мардумони итолиёвӣ идеал ва қисматҳои қиммати мактаби Юнони қадимро барқарор карда истифода мекарданд. Аммо дар давоми 400-450 соли инкишофи ҷомеаи капиталистӣ ва афзоиши тиҷорат мавқеи итолиёвиҳо танг шудан гирифт.
Фақат дар нимаи дуюми асри XX боз масъалаҳои арзиши умумибашарӣ боло меравад ва давраи инкишофи баланди иқтисодӣ, демократияи озод ва глобализатсия ба майдон меояд.
Макнавелли подшоҳонро таъкид месохт, ки фаъолияташонро бо ду чиз мувофиқ гардонанд:
♦ қонуниятҳои объективӣ ва тақдир; ♦ рафтори шахсоне, ки ба ӯ итоатгар мебошанд.
Ӯ қайд мекунад, ки хислати умумии башари ҳамин аст, ки чӣ мардуми камбағал ва чӣ мардуми бой якхела фикр мекунанд:
♦ он чизе, ки доранд аз даст надиҳанд; ♦ он чизе, ки надоранд ба даст биёранд.
Фарқ дар он аст, ки хоҳиши мардумони бой аз камбағалон хатарноктар аст. Чунки одамони бой барои аз даст надодани боигарӣ ва мавқеи худ хоҳиши давлатдор, ё вазифадор буданро мекунад. Барои вазифадор, ё давлатдор шудан ду омил таъсир мерасонад:
-
Мавқеи шахсӣ.
-
Камбудиҳои шахсӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё