Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Арасту менависад, ки Фалес хеле соҳибкори хуб буда, ҳатто аз рӯи ситораҳо ҳосили соли ояндаро муайян мекард. Худ пешакӣ аз ҳосилхезии баланди зироати равғандиҳанда хабардор мешуд ва аксари чувозҳои равғанкаширо ба иҷора гирифта, фоидаи зиёд мегирифт. Бо ин кораш дар таҷрибаи худ исбот мекард, ки фалсафа - илми амалӣ мебошад, ба шарте ки мо истифода карда тавонем.

Мисоли дар бораи фаъолияти файласуф Фалес чунин мантиқ дорад, ки санъати фикрронӣ ва санъати амалигардонии он бо якдигар вобастагии калон доранд. Яъне муваффақияти соҳибкорӣ пеш аз ҳама ба донишмандӣ ва интихоб карда тавонистани усули рафтори соҳибкор вобаста аст. Чунин як талабот дар кори ҳаррӯзаи юнониҳо ва амрикоиҳо Ф. Тейлор, Г. Форд, А. Слоун, Д. Рокфеллер, Ч. Муни дида мешуд. Шахсоне, ки дар боло гуфтем на танҳо таҷрибаи калони менеджмент доштанд, балки ҳамчун файласуфони бузурги менеджмент, ки стратегияи соҳибкориро муайян намудаанд, шинохта мешаванд. Муваффақиятҳои бизнес пурра ба фалсафа ва стратегияи идоракунӣ вобастагӣ дорад. Юнониҳо яке аз сабаби асосии қашшоқии одамонро дар хоҳиши меҳнат, кор надоштан ва ё кор накардани шахс мебинанд. Бо ақидаи ин мардум ба ҳамаи одамони солим Худо имконот додааст. Аз ин нуқтаи назар маданияти динӣ ва маданияти меҳнат бо маданияти соҳибкорӣ вобастагии калон дорад. Ин фаҳмишро аввалин шуда мактаби Юнони қадим исбот намудааст.

Мактаби аврупоии менеджмент баъди 1,5 ҳазор соли мактаби Юнони қадим пайдо шуд, ки асосгузори он файласуф, таърихнавис, шоир ва пайдогари назарияи идоракунӣ Никколо Макнавелли (1469-1527) мебошад.

Дар нимаи дуюми асри XX сиёсатшиносон, таърихнависон ва мутахассисони бахши менеджмент ба корҳои илмии Н. Макнавелли диққати махсус дода муайян карданд, ки дар асарҳои ин шахси бузург фикру ақоид ва равияҳои бузурги илмӣ идоравӣ навишта шудааст, ки дар замони мо ҳатто қимати калони худро гум накардаанд.

Менҷерони Ғарб фикру ақидаҳои Н. Макнавеллиро омӯхта, ҳар гуна конфронс ва машваратҳо гузаронида, ҳатто рисолаву монографияҳои илмӣ низ менависанд.

пешина
аз 465
навбатӣ