Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
Файласуфони бузург Суқрот, Афлотун, Гераклит, Арасту, ки то имрӯз бо бузургии худ дар ҷаҳон маъруф шинохта мешаванд, моҳияти устувори меҳнатро ҳамон вақт баҳо медиҳанд, ки агар он бошуурона буда, дуруст ташкил карда шуда бошад. Меҳнати устувор, меҳнати ҳамон зироаткореро мешуморанд, ки агар пойдевори зиндагии ин шахс бошад.
Меҳнати ғуломе, ки аз воситаҳои истеҳсолот ҷудо буда, бешуурона, нофаҳмо ва беақлона иҷро мешавад, ҳеҷ гоҳ ба меҳнати намунавӣ, ҳавасмандӣ, ё ин ки пешқадам муқоиса кардан нодуруст мебошад.
Мардумони Юнон инкишофи худро шакли пешқадами таърихие меноманд, ки бояд аз дигар халқу миллатҳо чун шумерҳо, мисриён, бобулиҳо, эрониён, чиниҳо, форсҳо, ҷопониҳо фарқ кунад, яъне «юнонӣ бояд зебо бошад ва бо хоҳиши худ кору зиндагӣ намоянд». Зиндагии фақиронаю одилона ва санъати волоии миллӣ, бояд асоси зиндагии мардуми Юнон бошад. Ҳамаи он гуфтаҳое, ки дар боло оварда шудаанд, як мактабе мебошад, ки баъдтар амрикоиҳо, ҷопонҳо ва аксари давлатҳои Ғарб дар ватанҳои худ барпо намуданд. Маҳз чунин як қоида дар мактаби амрикоии Тейлор, Форд ва Рузвелт дида мешавад.
Хислати дигари мактаби юнониҳо он аст, ки ин мардум одаме, ки худаш меҳнат накунаду меҳнати дигарон ва пулу моли дигаронро харҷ намояд ба ҷазо гирифтор менамуданд. Ҳатто гуфтае ҳаст, ки файласуфи бузурги Юнон Демокрит аз падараш пулу моли зиёде гирифта дар давоми 10 сол сафар карда хароҷот намудааст. Чунин як рафторро гуноҳ ҳисоб намуда, ӯро ба ҷавобгарӣ кашиданд. Дар суд Демокрит бо сухани охирони худ баромад карда, қайд мекунад, ки аз ҷамъбасти сафар «китоби пурқимате» навиштааст. Барои ин кашфиёти илмӣ, юнониён Демокритро аз суд озод кардаанд.
Қариб аксари файласуфони Юнони қадим математикҳо буданд. Пифагор, Афлотун, Арасту олимоне буданд, ки фалсафаро ҳамчун илми миқдории олам инкишоф додаанд. Чунин як омӯзиш имрӯз логистика ном гирифтааст. Логистика — яке аз равияҳои асосии менеджмент мебошад.
Файласуфи бузурги юнон Фалес на фақат асари бузурги астрономӣ навишта, вақти гирифтани офтобро пешгӯӣ мекунад, балки тоҷир, баҳрнавард ва бинокунандаи купрукҳо буда, ҳамчун муҳандиси хуб шинохта шудааст ва барои амалдорон асбобҳои обёрӣ низ месохтааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё