Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Афлотун дар аксари асарҳои худ калимаи «кибернетика»-ро истифода мекунад, ки ба маънои санъати болои идоракунии шаҳрҳо қабул шудааст.

Идоракунӣ дар забони юнонӣ бо дигар калима гуфта мешуд. Чунончи дар соҳаи ҳарбӣ «кайранео» (идора кардани майдони ҷанг), дар хоҷагӣ бошад «ойкономика» (мудири хоҷагии хона) ном дошт. Фаҳмиши имрӯзаи «Экономика» аз ҳамин ҷо сарчашма мегирад. Мардуми Афина давлатдории худро дар асоси моликияти ягонаи давлатӣ ва хусусӣ сохтанд. Асоси моликияти хусусӣ ин хоҷагиҳои оилавӣ дар деҳот буд, ки «ойкос» ном гирифта буд.

Афлотун «Ойкономика»-ро дар идоракунии полис ҳам истифода кардааст.

Масҷиди католикии Рим яке аз системаи намунавии самаранок ва босуботи идоракунии марказонидашуда буд. Ин системаи идоракуние мебошад, ки якчанд оилаҳо ва корхонаҳои автономии хоҷагии қишлоқро дар бар мегирад.

Юнони қадим дар як мӯҳлати кӯтоҳи таърихӣ ба як давлати зебое мубаддал мегардад, ки тамоми намуди зироат ва зотҳои чорво парвариш карда мешуд.

Системаи баланди интенсивии хоҷагии қишлоқ ба он оварда расонид, ки юнониён дар бозори аграрии Осиё ва Шарқ рақобат нишон дода метавонистанд, ҳатто дар минтақаҳое, ки заминҳои хеле ҳосилхез дошта, маданияти баланди зироатчигӣ доштанд, ба монанди эрониён, чиниён ва юнониён эътироф шуда буданд.

Яке аз хусусияти хоси хоҷагидории юнониҳо дар он буд, ки кадом соҳае набошад, хоҳ хоҷагии қишлоқ, сохтмон, тиҷорат ё моҳидорӣ, онро ба соҳаи «риёзиёти амалӣ» табдил дода буданд. Юнониён ҳамаи чизро ҳисобу китоб мекарданд: Мисол дар ангурпарварӣ — чӣ қадар нурӣ зарур аст, барои навъи муайян ва намуди хоки муайян, то ки таъми вино дигар нашавад; чӣ миқдор дарахти ангур шинонанд, чӣ тавр заминро дуруст истифода намоянд, канали обро чӣ хел кобанд, ки камхарҷу самаранок бошад ва таркиби хокро вайрон накунад, ба назар гирифта мешуд.

Бинобар ин нисбати ин халқ чунин ақидае ҳаст, ки юнонӣ - косиб, тоҷир, зироаткор, зирак ва ба ҳамаи навоварӣ ва таваккалкорӣ тайёр, ба мақсади баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат ва сифати мол аст.

пешина
аз 465
навбатӣ