Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ИқтисодиётТиҷоратИдоракунӣ
Аз аввал хондан

калон дар инкишофи идора ва роҳбарӣ, яъне менеҷмент пайдо гашт. Мардуми Юнон якумин шуда иқтисоди бозоргониро ташкил намудаанд, ки дар асоси меҳнати ҳалолу тоза ва маданияти баланд ва тиҷорати одилона ба роҳ монданд.

Юнониён нисбат ба хушкӣ дар баҳр вақти худро зиёд мегузарониданд. Барои ин давлати хурде дар домани кӯҳистон ҷойгирифта баҳр сарчашмаи асосии зиндагонии мардум, магистрали нақлиёт ба дигар давлатҳо ва бо ҳамин роҳ воситаи гирифтани фоида буд. Ҳамаи ин натиҷаи он буд, ки аввалин мактаби таҷрибавии идоракунӣ Юнони Қадим ба ҳисоб меравад.

Санъати идоракунӣ дар забони юнонӣ «кибернетика», идоракунии киштӣ, ё худ киштиронӣ — «кибернесис» ном дошт, ки баъдтар ин номро ба «роҳбарон» ва «подшоҳон» низ мегуфтанд.

Дар ҳақиқат тартибот дар киштии Юнониён як мактаби намунавии идоракунӣ буд:

вазифаҳои ҳар як кас аниқ тақсим шуда буд;

системаи ягонаи идоракунӣ амал мекард;

мувофиқкунонии фаъолият.

Идоракунӣ дар киштиҳои антиқаи юнонӣ яке аз аввалин моделҳои ташкили дурусти корхонаи тиҷоратӣ ва бизнеси хурд буд.

Ба ҳайати киштии юнониҳо, ки киштиронон ва тоҷирон дохил мешуданд, доимо навоварии соҳибкорӣ ва таваккали соҳибкорӣ дида мешуд. Онҳо на фақат мол мефурӯхтанд, балки урфу одат, маданият, шаклу усули роҳбарии худро ба дигар давлатҳо паҳн мекарданд.

Шиноварӣ дар баҳр албатта кори осон набуд, ин аз одамон пеш аз ҳама кордонӣ, ақли солим, донишу зиракӣ талаб мекунад. Юнониён, инчунин дар бандарҳое, ки меистоданд, хеле ҳам тозаю озода ва намунавӣ буданд.

Коргарони ин бандарҳо сохтмончиён, киштисозон, тоҷирон ва молиячиён буданд. Дар ин бандарҳо хариду фурӯш, доду гирифти молу пул амалӣ мегашт. Хизматҳои гумрукӣ ва муҳофизатӣ пайдо шуда буданд, ки киштиҳоро аз ғоратгарону дуздон муҳофизат карда, қарзҳо ва кӯмакпулиҳо медоданд. Аллакай амборҳои нигоҳдории молҳо, шартномаҳои тиҷоратӣ баста мешуд, ки асосашро соҳибкории «ҳалол» ва одилона ташкил медод. Ҳатто файласуфи бузург

пешина
аз 465
навбатӣ