Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
ки соҳиби корхонаҳои калон, заводу фабрикаҳо ва моликияти зиёди аксионерӣ шуда, капиталистро аз майдон берун бароварданд. Дар чунин як вазъият ду нуқтаи назар, яъне бо гуфтан Гегел, К. Маркс, Ф. Энгелс, В.И. Ленин ҷои капиталистро бояд синфи коргар гирад, вале бо гуфтаи сотсиологҳои америкой чун М. Иритмен ва сотсиал-демократҳои немис М. Ребер, Э. Бернштейн ва К.Шмит «маъмурият» дар давлат ва сохтори хусусӣ дар иқтисодиёт мақоми баландро соҳиб мегардад ва ҳамчун як қисмати алоҳидаи иҷтимоӣ амал мекунад.
Солҳои 40-уми асри ХХ Ч. Бернайм китоби «Инқилоби менеҷери»-ро менависад, ки дар он гуфта мешавад, ки «синфи капиталистро синфи идора ё худ роҳбарон» аз майдон берун бароварданд.
Бернайм менависад, ки моликият ин фақат сармояи моддӣ набуда, пеш аз ҳама ин назорат мебошад. Яъне агар назорат набошад, моликият низ нест.
Назорат бошад дар дасти «менеҷерон» аст, бинобар ин маънои пешинаи моликият моҳияти худро гум мекунад.
Дар солҳои 60-уми асри XIX дар илми назариявии менеҷмент як инқилоби калоне ба вуҷуд омад. Олимон, иқтисодшиносони зиёд аз қабили Р.Симсон, Ф. Гилбрет, Д. Белл, Ч. Шумпетер, Р. Самуэлсон, П. Друкер ва дигарон асарҳои зиёдеро навиштаанд, ки то замони мо мавқеи худро гум накардаанд.
Вобаста ба талаботи замон ва инкишофи иқтисодӣ дар шаҳрҳои қадимаи Шарқ ба монанди Бухорои Шариф, Самарқанд, Бағдод, Марв, Нишопур, Балҳу Ҳирот мадрасаҳои махсуси шахсони идораӣ пайдо мегардад. Ин ҷавонон дар ташкилоти давлатӣ кор карда, ҳуҷҷатҳои тиҷоратӣ, мактубҳо дастурути баҳисобгирӣ, ҳисоботҳо менавистанд. Асосан дар омӯзиши ин роҳбарон бисёртар ба фанҳои фалсафа, фиқҳ, калом, мантиқ, таълим, равоншиносӣ, риёзӣ, фарҳангу адаб, луғат ва амсоли ин диққати махсус медоданд.
2.2. Мактабҳои классикии менеҷмент ва инкишофи
фикру ақоиди идоракунӣ
Новобаста ба он, ки инқилобҳои якуми идоракунӣ дар Шарқи Қадим ба
вуҷуд омад, дар Юнон — ду ҳазору панҷсад сол пеш то давраи мо пешравии

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё