Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ИқтисодиётТиҷоратИдоракунӣ
Аз аввал хондан

Инқилоби саноатӣ ба назария ва амалияи идоракунӣ таъсири калон расонид. Дар ин давра аллакай капиталистони калоне ба вуҷуд омаданд, ки на як ё ду нафар буданд, балки ҳазорҳо одамонро ташкил мекарданд.

Инчунин ба ҷойи як менеҷер якчанд менеҷерон пайдо гаштанд. Дар ин давра ҳаҷми умумии маҳсулот зиёд мешавад, суръати гардиши сармоя меафзояд, амалиётҳои бонкӣ васеъ мегарданд.

Дар ин давра идоракунӣ аллакай аз доираи фаҳмиши умумӣ берун баромада, чун дониши махсус, тарзу усули навро талаб мекунад. Идоракунӣ ба системаи мураккаби услубу усул, қоидаҳо, воситаҳои техникӣ ва технологӣ мубаддал мегардад, ки барои иҷрои он дониши касбиро талаб менамояд.

Инқилоби чоруми менеҷмент ба инқилоби буржуазӣ рост меояд, ки шахсияти нав «капиталист»-ро ба миён меорад. Дар замоне, ки капиталист медонад, ки худаш танҳо аз ӯҳдаи идора кардан намебарояд, шахсияти нав «менеҷер»-ро ба миён меорад.

  1. Давраи панҷуми инқилоби менеҷмент. Давраи инқилоби саноатӣ ва капитализми классикӣ ба миён омад. Дар миёнаи асри XIX дар замони монополизм мактабҳои аввали бизнес пайдо шудаанд, ки менеҷерони касбии худро тайёр мекарданд. Дар ин давра менеҷер ҳамчун синфи алоҳидаи мутахассисони касбӣ ҷудо шудааст, ки давраи панҷуми инкишофи идоракунӣ мебошад.

Инқилоби саноатӣ исбот намуд, ки моҳияти функцияи идоракунӣ аз функцияи молиявию техникӣ кам нест. Ҳарчанд ки иқтисодчии бузурги миёнаи асри XIX Адам Смит ба ин шубҳа дошта менависад, ки қаҳрамони асосии ин давра «менеҷер - фабрикант», ё худ «капиталист» мебошад.

Дар солҳои 60-уми асри XIX иқтисодчии бузурги немис К.Маркс асари «Капитал»-ро навишта ба қобилиятнокии идоравии капиталистон нобоварона назар дошт.

Баъдтар олимони илми идоракунӣ фаҳмиданд, ки «капиталист» дар идоракунии истеҳсолот шахси асосӣ нест ва ҷойи вайро бояд дигар шахс гирад. К.Маркс ва Ф. Энгелс навиштаанд, ки ин мавқеъро бояд синфи «пролетариат» гирад ва хато ҳам накарданд. Чунки дар замони шӯравӣ ҳамин тавр ҳам шуд. Аммо дар баробари ин боз як шахсияти дигар яъне «давлатдор» ба миён омад,

пешина
аз 465
навбатӣ