Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
Мисол якчанд қонунҳои ин подшоҳро овардан мумкин аст, ки қариб то замони мо дар баъзе давлатҳо истифода мешуд.
Мувофиқи қонун волидайн агар қашшоқ мемонданд фарзандашонро мефурӯхтанд. Агар зани шавҳардорро бо марде медиданд, ӯро ба об мепартофтанд ва агар мардро медиданд ӯро ба суд медоданд. Мард аз молу мулки хона чизе ҳақ надошт, молу мулк, ҳаққи фарзандон - кӯдакон буд.
Афсарон барои рафтори дағалона нисбати аскари қаторӣ ҷазои то ҳукми қатлро мегирифтанд. Барои дуздии молу мулк ҳукми қатл таъин мешуд. Агар кас дар вақти дуздӣ дастгир мешуд дар девори ҳамон хона қатл мешуд. Барои сухани дағал ба падару модар забонро мебуриданд. Барои кӯфтани падару модар дастро мебуриданд. Ҷарроҳро барои ҷарроҳии нодуруст дасташро мебуриданд. Барои сохтмони хуб ба меъмор маоши хеле баланд медоданд, вале агар хона чапа мешуд ва соҳибхонаро мекушт, ӯро ба қатл мерасониданд, ё агар хона қисман вайрон мегашт, аз ҳисоби меъмор таъмир мегашт. Чунин як қонун барои киштисозон низ вуҷуд дошт.
Ҳамин тариқ, маълум мегардад, ки маҳз дар давраи 2-юми инкишоф менеҷмент аллакай мавқеи худро ҳамчун як шакли фаъолият ва соҳа пайдо мекунад. Дар ин давра одамон маҷбур буданд, ки касбро бо тамоми нозукиҳояш омӯзанд ва ҳамчун шахси касбии соҳа - менеҷер баромад кунанд.
- Инқилоби сеюми идоракунӣ - баъди завол соли аз байн рафтани Ҳаммурапӣ, Вавилон боз аз нав дар маркази инкишофи менеҷмент қарор гирифт. Шоҳ Навӯхудонассор (605-562 то мелод) ҳамчун муаллифи лоиҳаи манораи Бобул, боғҳои гуногун, назорат дар коргоҳу дӯкон ва ғалла мебошад.
Менеҷмент дар ин давраи таърихии худ ҳамчун системаи истеҳсолию сохтмони шинохта мешавад. Дар ҳазораи IV пеш аз милод дар Ҷануби Туркманистон нахустин иншооти обёрӣ пайдо шуд, ки дар тамоми Шарқи пеш қадимтарин иншоот ба ҳисоб мерафт¹. Ин низ аз мавҷудияти идораву корбарӣ шаҳодат медиҳад, ки имрӯзи Туркманистон сарзамини мардуми шаҳрнишини эронитабор ва баъдҳо ватани парфияниҳо буд.
- Инқилоби чоруми менеҷмент - ба давраи инқилоби саноатии асрҳои XVIII-XIX рост меояд. Ин давра капитализми аврупоиро ба вуҷуд меорад.
¹ Ғафуров Б.Ғ. Тоҷикон. - Душанбе: Ирфон, 1998. - С. 28.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё