Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
Таърихнависон давраи инкишофи менеҷментро чунин шарҳ медиҳанд:
- Инқилоби аввали менеҷмент 4-5 ҳазор сол пеш дар давраи ғуломдории Шарқи Қадим ба вуҷуд омадааст. Дар ин давра одамоне пайдо гаштаанд, ки урфу одат ва талаботи динии мардумро тағйир доданд, яъне ба ҷои қурбонии одамон онҳо қурбонии рамзии дигарро ҷорӣ намуданд. Дар натиҷа ин диндорон аз ҳисоби қурбонии мардум пулу мол, гову гӯсфанд, равғану дигар асбобҳо бой шуда, гурӯҳи одамони навро ташкил доданд. Ин гурӯҳи одамон на тоҷир ва на капиталист буданд, балки бо ном барандагони урфияти динӣ буданд, дар як мӯҳлати кӯтоҳ боигарии калонро ба даст дароварданд. Ҳамин тариқ, дар давраи якуми инқилоб менеҷмент ҳамчун восита, ё асбоби дин ва тиҷорат ташаккул ёфт. Маҳз дар ҳамин давра навиштаҷоту сабти амвол ва ҳисобу китобу назорат ҷорӣ гашта буд.
“Чуноне ки дар китоби Б. Ғафуров «Тоҷикон» омадааст: «Нахустин сарчашмаҳои хаттии санавӣ, ки дар бораи Осиёи Миёна маълумот медиҳанд, дар асри VII-VI пеш аз мелод дар ин сарзамин сукунат доштани қавму тоифаҳои эронинажод — суғдиён, бохтариҳо, марғиёниҳо, хоразмиҳо ва ғайраро хотирнишон намудаанд”1.
- Инқилоби дуюми менеҷментро баъди ҳазор сол, ба давраи ҳукмронии шоҳи Бобул Хаммурапӣ (1792-1750 то давраи мо) мансуб медонанд. Дар замони ҳукмронии Хаммурарӣ, ки даврони зиёдеро дар бар мегирифт, одамон маҷбур шуданд, ки системи идоракуниро фикр карда бароянд. Маҳз дар ҳамин давра 285 қонуни идоракунии доираҳои гуногуни ҳаётиро қабул намуданд, ки нишоҳои қимматноки ҳуқуқӣ ва давраи муайяни таърихи менеҷмент дар Шарқи Қадим мебошад.
Бартарии ин давра дар он мебошад, ки аввалин маротиба системаи маъмурӣ пайдо гашт.
Ин системаи маъмурӣ барои подшоҳони баъдина ҳамчун навоварӣ қабул карда мешуд.
Ҳамин тариқ, бартарии давраи дуюми инкишофи таърихии менеҷмент дар он аст, ки аллакай системаи ташкил ва танзими муносибатҳои одамон пайдо гаштааст.
1 Ғафуров Б.Ғ. Тоҷикон. - Душанбе.: Ирфон. 1998.-C.38.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё