Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан

худ «омӯзиш» истифода мешуд. Дар навбати аввал педагог ғуломеро мегуфтанд,
ки кӯдакро ба мактаб гусел мекард, баъдан ин калима маънои «сардор»,
«роҳбар»-ро гирифт.

Оиди «роҳбарӣ» ва вазифадорӣ дар қадим тоҷикон низ гуфтаҳои зиёде мавҷуд мебошад.

Ҳанӯз аз давраҳои қадим дар мардумони эронитабор, аз ҷумла тоҷикон амалдоронро аз рӯи унвонҳои “солор”, “сарвар”, “раис”, “мир”, “муҳосиб”, “амлокдор”, “мӯҳрдор”, “котиб”, “дастархончӣ” ва ғайра ном мебурданд.

Баъди ба миён омадани давлатдории Рими қадим, дар забони лотинӣ калимаи «mancepts» - соҳибкор, ҳамкор пайдо шуд. Инчунин «mancipium»
маънои ҳуқуқи моликиятдориро дошт, ки аз ду қисм иборат буд: «manus» - даст, ҳукмронӣ ва сарію» - боигарӣ, капитал. Мануфактура низ бо чунин маъно пайдо гаштааст. Яъне «manus» - даст, «factura» - тайёр кардан.

✓ Таърихшиноси немис И. Шнайд калимаи «менеҷмент»-ро аз этимологияи итолиёвӣ ёфта менависад, ки «maneggiare» - «қобилияти идора кардани асп»-ро дорад. Бо ин монандӣ калимаи англисии «manage» на фақат идора кардан, балки «донишмандӣ», «ҳакимият»-ро низ дар назар доштааст. Аз ин нуқтаи назар «Идора кардан илми кулл ва санъате мебошад, ки вазифаи ҳавасмандкунии одамон ва роҳ нишон доданро барои иҷрои он мақсадҳое, ки дар назди онҳо гузошта шудааст, фаро мегирад».

Дар маҷмӯъ гуфтан зарур аст, ки дар «Идора кардани асп» ва «Идора кардани одамон» шаклҳои гуногуни идоракуниро истифода кардан мумкин аст.
Яъне аз рафтори дағалона то муносибати дӯстдорона.

Сотсиологи немис Макс Вебер навиштааст, ки чун капитализм ба дараҷаи аълои худ расид, функция ва фаъолияти менеҷерон низ тағйир ёфт, яъне омӯзиши психологияи истеъмолкунанда ва талаботи онҳо мақоми асосӣ дорад.
Соҳибкор бошад, аллакай моликиятдори хусусӣ ва соҳиби капитал буд.

Дар давраҳои аввали пайдоиши моликиятдорӣ «менеҷер» гуфта шахсеро меномиданд, ки соҳибмулк дар вақти набудани худ ба уҳдаи ӯ кори худро мегузошт. Баъдан ӯро ҳамчун ҷонишини капиталист меномиданд, ё ин ки «кӯдаки дар давутоз» меномиданд. Баръакс калимаи «директор» маънои «моликиятдор», ё худ шахси ба камол расидаро дошт.

пешина
аз 465
навбатӣ