Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан

2.1. Давраҳои таърихии пайдоиш ва инкишофи менеҷмент

Дар Юнони қадим калимаи «менеҷмент» истифода намешуд. Ба ин мазмун монанд калимаи «master» бо мазмуни шахси «кобанда», «ҷустуҷӯкунанда» истифода мешуд. Санъати идоракунии одамон дар забони юнонӣ «демогогия», яъне «demos – халқ, ago – мебарам» дар забони тоҷикӣ маънои «роҳбарии халқ»-ро дорад. Баъдтар реҷаи давлатдоронро «despoteia»
яъне ҳукмронии беандозаи шахсони алоҳида аз болои мардум меномиданд. Аммо дар навбати аввал «деспот» маънои соҳибхона, соҳибмулк, сардорро бо худ дошт. «Деспотия» ин ҳукмронии ғуломдорро ба ғулом меномиданд. Деспотизм
– шакли роҳбарие мебошад, ки дар асоси ҳукмронии беҳудуди шахсон ташкил карда шудааст. Асоси калимаи «деспотизм» ин «des» буда, маънои «баста»-ро дорад.

Калимаи «демагог» инчунин маънои намояндаи давлатиро низ дорад.
Чуноне ки Б. Ғафуров қайд мекунанд, Сарварии қабилаҳои ориёиро «пешвоён»,
ё худ «подшоҳоне» ба ӯҳда доштанд, ки аз ашрафи ҳарбиён баромада буданд.

Дар кӯҳи Бесутун, воқеъ дар Ҷумҳурии Исломии Эрон катибаҳои забони порсии қадим то имрӯз дар тахтасангҳои бузурги танаи кӯҳ нигоҳдорӣ шудаанд, ки бо хатти меҳӣ ба се забон – порсии қадим, аккодӣ, эламӣ навишта шуда, аз панҷ сутун иборат мебошанд. Катибаи мазкур ба соли 525 то мелод мансуб буда, бо фармони шоҳи бузурги ҳаҳоманишӣ – Дорошоҳ навишта шудааст.
Катибаи мазкур аз бузургтарин ва қадимтарин манбаи хаттӣ дар таърихи эрониён ва халқиятҳои Шарқ мебошад, ки дар он дар бораи ҳукмронӣ, роҳбарӣ, яъне подшоҳӣ ва кишвардорӣ сухан меравад. Дар ин матн калимаи «xšav am»
ба маънои ҳокимият (имрӯз ин калима дар шакли «шаҳр» истифода мешавад) ва калимаи «xšayavïya» ба маънии «шоҳ» хеле фаровон истифода шудааст. Имрӯз аз нигоҳи илми менеҷмент омӯхтани ин манбаъ басо муҳим ва арзишманд хоҳад буд.

Калимаи «демократия» ҳамчун маъмуни қувва ё ҳукмронии халқиро ба
худ гирифтааст ва ба маънии "demos" – халқ, «kratos»-идора, ҳокимиятро
дорад. Калимаи «педагогика» – ин санъати тарбия ва нигоҳубинии кӯдакро
дошта, дар баъзе мавридҳо ин калима ба маънои «роҳбарӣ кардан», «ташкил», ё

пешина
аз 465
навбатӣ