Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ИқтисодиётТиҷоратИдоракунӣ
Аз аввал хондан

менамоянд. Дар натиҷа муҳокимаи афкори пешниҳодшуда сурат мегирад ва дар охир як қарори умумӣ қабул менамоянд.

Ғайр аз ин, дигар усулҳои муборизаи ақлонӣ дар корхонаҳо низ мавҷуд аст. Вақте ки фикри роҳбар эҷодӣ бошад ва пешниҳоди худро бо коллектив муҳокима намояд, имкон пайдо мегардад, ки мушкилоти ба миён омада ба осонӣ рафъ шавад. Ҳолати дигари стагнастиро коргари ҷавони қобилиятдошта, ки нав ба коллектив меояд ва озодона фикру ақидаи худро пешниҳод менамояду аз ҷониби менеҷер дастгирӣ меёбад, ба вуҷуд меорад. Дар ин ҳолат низ дараҷаи касбӣ ва кордонии мутахассис мақоми хоса дорад.

Рӯҳияи иҷтимоӣ ва таҷрибавии менеҷерон нишон медиҳад, ки коллектив ҳамон вақт пешқадам мегардад, ки агар сохтори иҷтимоии гуногун, яъне ҳайати он синну соли гуногун, ҷинси гуногун, хислат, фикрронӣ ва амсоли ин дошта бошад.

Мавқеи иҷтимоӣ дар коллектив мақоми хосеро дорад. Хуб мешуд, ки агар дар коллектив одамони дорои хислатҳои иҷтимоии гуногуни зерин вуҷуд дошта бошанд:

«Некхоҳон» - аъзои коллектив, ки доимо ба оянда боварӣ доранд ва бо табъи хуш мегарданд;

«Рӯҳафтодагон» - аъзое, ки ба оянда боварӣ надошта, доимо ягон камбудӣ, ё худ баҳонаи норозӣгӣ дорад;

«Ҳақиқатпарастон» - одамоне, ки барои ҳақиқат мубориза мебаранд ва ҳатто ҷон месупоранд;

«Иғвогари кӯҳна» - аъзои кӯҳнаи коллектив, ки доимо ба ҳамкорон огоҳӣ медиҳад;

«Ноҳӯдабароён» - коргарони ҷавоне, ки ҳоло онҳоро тарбия кардан зарур мебошад;

«Ҷавонони зебо ва духтарони зебо» - коргароне, ки диққатҷалбкунанда буда, дигарон бо онҳо фахр мекунанд;

«Одамони боғайрат» - одамоне, ки аз таваккал натарсида, ба пеш мераванд;

пешина
аз 465
навбатӣ