Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

«Эҳтиёткорон» - таваккалро намеписанданд ва доимо андешаи ояндаро мекунанд;

«Масхарабозон» - одамоне, ки дар ҳолатҳои зарурӣ шухӣ карда, метавонанд коллективро аз ҳолати ногувор наҷот диҳанд;

«Навовар-ихтироъкорон» - шахсоне, ки новобаста ба ҳолатҳо доимо дар ҷустуҷӯи чизи нав мебошанд;

«Консерваторҳо» - шахсоне, ки муқобили ҳар гуна навоварӣ буда, кӯҳнаро хуб мешуморанд;

«Фанатиқҳо» - шахсони сарсупурдаи кори худ ва моли истеҳсолшудаи корхона, анъанаҳои корхона ва ғайра.

Яке аз шеваҳои дигари рӯҳии рафтори одамон дар коллектив, таъмини ҳимояи гурӯҳ маҳсуб мегардад. Яъне муҳайё намудани шароити хуби корӣ, ки ба саломатии коргарон халал нарасонад. Ҳимояи иҷтимоӣ, зиёд кардани музди меҳнат, имтиёзҳо, ҳимояи ҳуқуқӣ, риояи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон ба коргарон имкон медиҳад, ки барои пешрафти коллектив меҳнат намоянд.

Яке аз хусусияти хоси коллектив он аст, ки таркиби он доимо иваз шуда меистод. Яъне, вобаста ба талаботи физиологӣ одамон баъди синну соли муайян ба нафақа мераванд, ба ҷои онҳо одамони нав пайдо мешаванд. Вазифаи менеҷер дар ин маврид аз ду қисм иборат аст.

  1. Ҳолате, ки ба коллектив коргари ҷавони камтаҷриба ба кор меояд.
  2. Вақте ки ба коллектив шахси таҷрибадор - мутахассисе, ки дар коллективи дигар кор кардааст ба кор меояд.

Хоҳ нохоҳ ин ду ҳолат гуногун аст ва менеҷер усули гуногунро қабул менамояд.

Дар ҳолати якум менеҷер бояд худаш шахсан ҷавонро ба кор қабул намуда, ба ӯ доир ба мақому тарзу усули иҷрои кор сӯҳбат карда, ба ягон коргари таҷрибадор вобаста намояд. Ҳолатҳое низ ҳастанд, ки менеҷерро маҷбур месозад, ки коргари ҷавон худаш доир ба масъалаҳо мустақилона андешаронӣ намояд. Ин усул асосан барои одамоне тавсия мешавад, ки қобилияти баланд ва хислати эҷодӣ доранд.

пешина
аз 465
навбатӣ