Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан

маҷбур мешавад, ки дар бораи хусусияти рӯҳии коллективи худ андеша намуда, барои аз нав дида баромадани баъзе рафторҳои худ омодагӣ бигирад.

Тафовути байни қарори роҳбар ва фикри коллектив, ҷорӣ намудани фикру ақидаи менеҷер шартӣ буда, дар ҳолати баланд будани конформизм ҳалшаванда мебошад. Аз тарафи дигар, доимо розӣ будан ба фикри роҳбар ҷараёни стигнатсияро ба миён меорад, ки инкишофи тадриҷӣ манг мешавад. Мумкин аст, ақидаҳои нав, пешниҳодҳо ва эҷодкориҳо аз байн раванд.

Аз тарафи дигар, конформизм мусбӣ низ мебошад. Мисол, ҳангоми ба кор қабул намудани одами нав, коллектив таҳти қоидаҳои якхелаи талабот ӯро маҷбур мекунад, ки қабул намуда, иҷро кунад. Дар ҳолатҳои стандартии истеҳсолӣ конформизм ҷараёни меҳнатро осон мегардонад, имкон медиҳад, ки натиҷаи он пешгӯӣ карда шавад. Дараҷаи баланди конформизм дар гурӯҳҳои аз 3 то 5 нафар таъсири бештар дорад. Ба дараҷаи конформизм инчунин мушкилин ҳолатҳо таъсир мерасонад. Ҳар қадаре ки кор мушкил бошад, ҳамон андоза одамон ба конформизм резо мешаванд, яъне фикри дигаронро оид ба корашон қабул менамоянд. Маълум аст, ки коллектив ва шахсони алоҳида низ хато мекунанд. Дар фаъолияти амалии менеҷер донистани ду усули асосии идоракунии коллектив кӯмак мерасонад:

Усули Делфи. Моҳияти ин усул дар он зоҳир мегардад, ки ҳар як коргар масоили алоҳидаро омӯзад ва муҳокимаи он дар шакли коллективӣ сурат гирад ва баҳо дода шавад.

Экспертҳо, ё худ иҷрокунандагон новобаста ба хоҳиши якдигар қарори худашонро пешниҳод менамоянд ва ба муҳокимаи коллектив пешниҳод мекунанд. Зимни пайдо шудани ҳолатҳои шубҳанок варианти ягонаи ҳалли масъала қабул карда мешавад.

Усули муборизаи ақлонӣ. Ин чунин усули рӯҳии таъсиррасониест, ки таҷрибаи касбӣ ва эҷодии коргарони алоҳида ба дигар аъзои корхона таъсири мусбат мерасонанд.

Усули муборизаи ақлониро чунин тасвир кардан мумкин аст: Роҳбари корхона бо сухани кӯтоҳи ифтитоҳӣ мазмуни масъаларо кушода медиҳад ва зарурияти ҳалли онро пешниҳод менамояд. Коллектив, ё худ 5-6 нафар аъзои таҷрибадори коллектив фикру ақидаҳо ва пешниҳодҳои худро низ тавсия

пешина
аз 465
навбатӣ