Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
Менеҷерро лозим меояд, ки ҳолати хеле зарур қабул ва додани ахборро аз даст надиҳад. Муҳити рӯҳиву якдилии коллектив вақте аз байн меравад, ки агар ахбори нодурусти корӣ, ё овозаҳои дурӯғ паҳн мешаванд. Ҳангоми пайдо шудани чунин ҳолатҳо мумкин аст, муноқишаҳо ба миён биёянд, аммо бо ҳамин дигар барои пайдоиши онҳо ҷой намемонад.
Дар муттаҳидии рӯҳии коргарон мақоми арзандаро назорати идоракунӣ мебозад. Маҳз назорате, ки риояи меъёрҳо, қоида ва анъанаҳо ва рафтори урфу одати одамонро таъмин карда метавонад. Дар натиҷаи назорат коллектив бояд барои рафъи камбудиҳо ва ғалатҳои пешомада қарори дуруст қабул намояд.
Дараҷаи таъсири рӯҳии коллектив ба аъзои худ ва мувофиқ омадани фикрҳо. Коллектив доимо таъсири психологиро ба ҳар як коргар мерасонад. Чунин як ҷараён на танҳо дар асоси робитаҳои мушаххасе, ки рафиқонаш таъсир мерасонанд, балки дар ҳолатҳое ҳам дида мешавад, ки онҳо худашон фаъолият менамоянд.
Дараҷаи таъсири рӯҳии коллектив аз муҳити рӯҳии маънавӣ, муттаҳидӣ ва якдилии он вобастагӣ дорад. Дар давраҳои аввали ташкили коллектив мумкин ин таъсир камтар бошад, аммо дар давраи муайяни инкишофи он беҳтар мегардад. Дар фаъолияти кории менеҷер низ фикри коллективи меҳнатӣ мақоми хос дорад. Роҳбари корхона бояд доимо ҳаракат намояд, ки фикри коллектив ба фикру ақидаҳои тарбиявӣ, мустаҳкам кардани дараҷаи кормандӣ ва истеҳсолии корхона мувофиқат намояд.
Маълум аст, ки коллективҳо гуногун мешаванд. Дар онҳо гурӯҳҳои ғайрирасмӣ ва пешвоён амал мекунанд. Менеҷерро зарур мебошад, ки донад коллектив ба кадом тараф майл дорад ва дар ҳолатҳои зарурӣ раъйи ҳайати онро ба инобат бигирад. Мисол ҳолатҳое мешавад, ки роҳбар баромади боадолатона карда, оид ба ягон масъала пешниҳод менамояд, аммо аз толор баромади тамоман муқобили пешвои гурӯҳи ғайрирасмиро мешунавед, ки бо кадом сабаби номаълум қарори пешниҳодкардаи роҳбарро қабул намекунад.
Маълум мешавад, ки масъала барои пешниҳод ба коллектив пурра тайёр набуд. Коллектив гӯё аз ҷониби менеҷер қоидаи маҷбуриро ҳис намуд. Менеҷер

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор