Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
ғайриимкон мебошад, ки чӣ қадар вақт зарур аст. Ин ҷараён дар ҳамон ҷой фавран амалӣ мегардад, ки агар роҳбари боқувват, мақсаднок ва бо донишҳои меҳнатии мусаллаҳ аҳли коллективро муттаҳид сохта бошад. Бисёр хуб мебуд, ки менеҷер боз пешво бошад, ки одамон бовар кунанд.
Агар коллектив роҳбари серҳаракати мақсаддор надошта бошад, ҷараёни муттаҳидшавии ҳайати он дер давом мекунад. Дар ин ҳолат менеҷер вақти зиёдро барои якдилии коллектив сарф мекунад. Ҳолатҳои мушкиле мавҷуд ҳастанд, ки коллективро муттаҳид карда намешавад. Дар ҳолате, ки дар коллектив шахсони гуногунхислат ва марому мақсадҳои гуногун мавҷуд бошанд, ин раванд боз ҳам мушкилтар мегардад. Зеро, зуҳуроти тафовутнокии одамон имкон намедиҳад, ки онҳо муттаҳид шаванд. Барои ин зарур аст, ки ҳайати коллектив ҳолати рӯҳии ягонаро доро бошанд.
Ягонагии рӯҳии коргарон дар коллектив дар партави шароити зер ба вуҷуд меояд:
❖ мувофиқати рафторӣ ва физиологӣ;
❖ дараҷаи баланди касбии коллектив.
Ба эътибор гирифтани чунин шартҳо, ҷиҳати ягонагии рӯҳии коргарон зарур мебошад, аммо ҳанӯз ҳам барои коллективҳои меҳнатии корхонаҳои Тоҷикистон кифоя нест. Барои он ки чунин шароит таъмин карда шавад, менеҷер бояд корҳои зайлро анҷом диҳад:
❖ донистан ва истифода бурдани хоҳиши худи одамон барои боварии ҳамдигар;
❖ тақсимоти одилонаи меҳнатӣ ҳамаи аъзоёни коллектив бо шакле, ки касе аз меҳнати дигар истеъмол накунад;
❖ шароит барои бехатарии шахсии коргарон муҳайё намудан;
❖ тарбия намудани ҳиссиёти ҳамдилӣ ва дастгирии ҳамдигарӣ дар ҷараёни кори якуоя;
❖ қотеъона ҳал намудани сабабҳои муноқиша ва кор бурдан бо коргароне, ки чунин ҳолатро ба вуҷуд меоранд;
❖ ҳисси масъулиятшиносии коргаронро дар назди коллектив тарбия кардан;
❖ барои ҳамаи аъзои коллектив кушода будан, фикру ақидаи онҳоро ба инобат гирифтан.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор