Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
Давраи якум тадқиқи навоварӣ унвон дошта, давраи омӯзиши кори ташкилот, интихоби нишондиҳандаҳои самараноки фаъолияти навоварии ояндаи корхона, муайян кардани мушкилиҳои он, монеаҳо, имконот ва роҳҳои ба мақсад расиданро дарбар мегирад. Асосноккунии чорабиниҳои зарурии навоварӣ, низ дар ҳамин давра татбиқ меёбанд.
Давраи дуюм тайёр намудани ҳайати корхона аст, ки дар навбати аввал менеҷеронро фаро мегирад.
Қайд кардан зарур аст, ки навоварӣ пеш аз ҳама ин ҷараёни зеҳнӣ мебошад. Аз ин лиҳоз, мазмуни ин давраи навоварӣ омӯзиши ҳайати корхона доир ба навоварии ояндаи корхона, гирифтани ахбори зарурӣ, кор карда баромадани чорабиниҳои ҳавасмандии коргароне ки навобариро ҷорӣ менамоянд, мебошад.
Давраи сеюм ташкил намудани ҳайати кормандони лоиҳаи навоварӣ аст.
Он фаъолияти навобариро, ки доимо кор кардани ашё, ё моли наверо, ки бе эҷодкорӣ вуҷуд дошта наметавонад, дарбар мегирад. Бинобар ин, яке аз талаботи асосӣ ҳайати қобилияти эҷодкорӣ доштани онҳо мебошад.
Вобаста ба ин талаботи ягона қобилияти аст, яъне ҳайати эҷодии навоварӣ метавонанд ҳам олимон ва ҳам шахсони таҷрибаи кории амалидошта иштирок намоянд.
Давраи чорум коркарди барномаи навовариест, ки асосан аз ташаккули ақидаи навоварӣ пайдо мегардад. Ин ақида метавонад, ки дар шакли пешниҳоди тиҷоратӣ бо аниқ намудани давраҳо ва шарту шароитҳо пешниҳод карда шавад.
Ақоиди навоварӣ бо шаклҳои гуногун кор карда баромада мешаванд ва аз онҳо шакли самаранок интихоб мегардад.
Давраи панҷум ташкил намудани системаи банақшагирӣ ва назорат буда,
дар он вобаста ба лоиҳаи навоварӣ, нақшаи чорабиниҳо доир ба иҷрои он,
мӯҳлат ва назорати он тартиб дода мешавад.
Давраи шашум коркарди барномаҳои мақсадноки навоварӣ ном дорад.
Вобаста ба нақшаи чорабиниҳои навоварӣ «дарахти сабзшаванда» пайдо мешавад, ки ҳар як қисми он чорабинии алоҳидаро ташкил мекунад. Ин давра дорои мӯҳлат, захира ва роҳбари алоҳидаи худ мебошанд. Маҳз бо ҳамин мақсад барномаҳо сохта мешаванд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор