Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
ИдоракунӣИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан- Рақобатнокии баланди моли нав, маблағҳои зиёдеро дар навоварӣ молиягузорон ҷудо карда, бояд боварӣ дошта бошанд, ки ҷорӣ намудани моли нав дар бозор ба рақобат пурра тобовар буда, технологияи баланди истеҳсолиро дигар рақибон дастрас карда наметавонанд. Дар ин мавқеъ патент ва иҷозатномаи содирот ва воридоти молро худи онҳо соҳибӣ карда, мӯҳлати зиёд дар бозор ҳукмронӣ мекунанд.
Бояд таъкид кард, ки навоварӣ дар баробари имкониятҳо боз мушкилиҳое пеш меорад, ки асосан ба тартиби зайл қарор доранд:
- Монеаҳои рӯҳии истеъмолкунанда. Дар баробари пайдоиши чизи нави барои истеъмолкунанда номаълум ӯ намехоҳад, ки аз тарзу усули кӯҳнаи худ даст кашад. Бинобар ин, роҳҳо ва воситаҳои иловагие зарур мебошанд, ки моли навро қабул намояд.
- Мушкилие, ки вобаста аз пайдоиши моли нав ба миён меояд. Ин мушкилӣ зарурияти ашёи хом, хароҷоти иловагӣ, дониши нави коргарон, истифодаи технологияи нави истеҳсолӣ ва ғайраро ба миён меорад. Ҳамаи ин талаб мекунад, ки нисбат ба шакли пешинаи фаъолият хароҷоти иловагӣ сарф намоем.
- Мушкилии банақшагирӣ. Аслан, натиҷаи моли нав дар оянда номуайян мебошад. Бинобар ин, банақшагирии истеҳсол ва фурӯши моли нав хеле мушкил буда, маблағҳои зиёдро талаб мекунад.
- Талаботи фаврии махсус. Мазмуни иқтисодии навоварӣ пеш аз ҳама дар дараҷаи сифатнокии он мушаххас мешавад. Бинобар ин, навоварӣ мӯҳлати кӯтоҳи ҷорӣ карданро талаб мекунад, зеро баъди гузаштани вақт аллакай дигарон аз шумо пеш мегузаранд ва навоварии шумо мазмунашро гум мекунад. Барои молиягузорон вақт ин пул мебошад.
- Мушкилии кӯҳнапарастии менеҷерон ва ҳайати корхонаҳо. Дар баъзе ҳолатҳо менеҷерони корхонаҳо барои навоварӣ муқобил мебошанд. Ин якчанд сабаб дорад. Аввал ин ки ҳавасмандии онҳо доир ба навоварӣ, дувум онҳо метарсанд, ки шарту шароитҳои кори дигаргун шуда, талабот меафзояд.
Бинобар ин, яке аз шартҳои пешакии навоварӣ фикр карда баромадани ҳавасмандии моддӣ ва маънавии менеҷерон ва ҳайати корхона мебошад.
Ҷорӣ намудани навовариҳо якчанд давраҳо ва чорабиниҳоро дар бар мегирад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор