Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан

Давраи ҳафтум пайдо кардани алоқа ба истеъмолкунандагони навоварӣ буда, ҳадафи асосии он таъмин намудани талаботи одамон мебошад. Бинобар ин, дар ҳама давраҳои навоварӣ бояд, ки алоқаи доимӣ бо истеъмолкунандагон дошта бошем. Ин ҳолат бо роҳи гузаронидани пурсиш, анкета, гуфтугӯ ва ғайра ҷорӣ мегардад.

Давраи ҳаштум коркарди лоиҳаи навоварӣ ном гирифтааст. Барои коркарди лоиҳаи навоварӣ меъёри асосии супориш, нақшаи чорабиниҳо ва барномаҳои мақсаднок мебошанд. Мазмуни лоиҳаи навоварӣ бояд, ки навиштаҷот ва маълумоти пурраи навоварӣ, тақсими истифодаи захираҳо, баҳои натиҷаи навоварӣ, қисмати молиявӣ ва ташкили лоиҳа пурра нишон дода мешавад.

Давраи нӯҳум мувофиқкунонии лоиҳаи навоварӣ. Ин давра хеле нозук буда, тақдири ояндаи лоиҳа аз самаранокии он вобаста мебошад. Дар ин давра диққат додан ба ҳаракати рақибон зарур аст. Беҳтар мебуд, ки амалиёти тадқиқотии аввалин бо барориши миқдори ками мол, гузаронида шавад.

Давраи даҳум амалӣ гардонидани лоиҳаи навовариро дарбар мегирад. Ин давраи амалигардонии навоварӣ дар дараҷаи маҳал, минтақа ва ҳудуди байналмилалӣ мебошад. Дар баъзе ҳолатҳо дар ин давра пайдарпайӣ риоя карда намешавад ва якбора молро ба бозори ҷаҳонӣ мебароранд.

Давраи ёздаҳум таҳлили натиҷаи лоиҳаи навовориҳо ном гирифтааст. Нишондиҳандаҳои асосии таҳлили навоварӣ барҳам додани нобудшавӣ, касодии корхона ва таъмин намудани самаранокӣ ва инкишофи он маҳсуб мегарданд. Таҳлил тамоми тағйироти муҳити дохила ва берунаро дарбар гирифта, барои танзими фаъолияти навоварӣ асос мешавад.

14.6. Саволҳои санҷишӣ

  1. Стратегия гуфта, чиро меноманд?
  2. Хусусияти хоси менеҷменти стратегиро номбар намоед.
  3. Се роҳи менеҷменти стратегиро шарҳ диҳед.
  4. Рақобатнокии корхона дар бозор чӣ тавр муайян карда мешавад?
  5. Таҳлили стратегӣ чист?
  6. Таваккал гуфта чиро меноманд?
  7. Навоварӣ чист?
пешина
аз 465
навбатӣ