Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан

шартномаҳои дарозмуддати харидуфурӯши мол, беҳтаршавии технология, васеъшавии самаранокии ҳаҷми маҳсулот мақоми хоса дорад.

  1. Дар давраи суст шудани инкишоф фоиданокӣ ва суръати афзоиш паст шуда, хислати рақобат дигар мешавад, ҷараёни навовариҳо тағйир меёбанд, хароҷот мувофиқ кунонида шуда, мақоми омили нарх меафзояд, ҳаҷми фурӯши маҳсулот афзуда, зарурияти баромад ба бозори ҷаҳонӣ пайдо мешавад, танзими талабот ва нарх доир ба моли алоҳидаи корхона ба вуҷуд меояд.

  2. Дар давраи ташаккул (пухта расидан) хароҷоти истеҳсоли камтарин буда, фоидаи ҳадди охирин то 70%-и хароҷот барои тадқиқот ва коркард дида намешавад. Нархҳо мӯътадил ва доимӣ мегарданд. Дар кам гаштани хароҷот ба воситаи эълон ва паст кардани нарх низ мушоҳида мешавад.

  3. Давраи фурӯравӣ хароҷотро афзуда, фоидаро кам менамояд. Кор барои беҳтар кардани мол суст шуда, нархҳо паст мешаванд. Мол оҳиста-оҳиста аз бозор мебарояд.

Таҳлили амиқи стратегӣ қисми таркибии стратегияи менеджмент буда, имкон медиҳад, ки ташкилот ба муҳитҳо фавран диққат дода, доимо худро ба бозори нав мутобиқ карда тавонад.

14.5. Стратегияи навоварӣ

Аз мавзӯъҳои аввали ин боби китоб маълум гардид, ки яке аз мушкилиҳои марказии стратегии менеджмент навоварӣ мебошад. Навоварӣ имкон медиҳад, ки истеъмолкунанда талаботи нави худро таъмин намояд ва барои фоидаи баланд соҳибкор бошад. Амалӣ гардонидани навоварӣ дар ташкилот як қатор корҳои тайёрӣ ва қарордодиро талаб мекунад.

Ҷараёни барпо намудани намуди моли сифатан нав ва хизматҳо ва тағйироте, ки онҳо дар ташкилот ба вуҷуд меоранд, навоварӣ номида мешавад.

Сабаби асосии навоварӣ дар корхона рақобати бозор мебошад. Дар ҷаҳони тезтағйирёбандаи бозори имрӯза доимо мол ва хизматрасониҳои нав

пешина
аз 465
навбатӣ