Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

пайдо мешаванд. Барои тоб овардани навоварӣ дар рақобати бозорӣ босуръат ташкилот бояд ба таври доимӣ фаъолияти худро ҷиҳати пайдо кардани намуди нави мол, ё хизматҳо, инчунин беҳтар кардани сифати молҳои мавҷуда вобаста ба талаботи истеъмолкунанда равона созад.

Чунин фаъолият бе тағйироти куллии дохили ташкилот, сохтори идоравӣ дигаргунсозии тарзу усули роҳбарии он ғайриимкон мебошад. Бинобар ин, гуфтан мумкин аст, ки фаъолияти навоварӣ вазифаи муҳимии вуҷуд доштани ташкилот дар шароити бозор, инчунин кафолати муваффақияти нав барои гирифтани фоида мебошад.

Равандҳои асосии навоварӣ инҳо мебошанд:
❖ аз худ намудани шаклҳои нави фаъолият, сарчашмаҳои молиягузорӣ ва маблағгузории сармоявӣ;
❖ барпо намудани моли сифатан нав ва хизматҳои нав;
❖ баромадан ба бозори нави фурӯши мол ва васеъ кардани бозори пешинаи фурӯши мол;
❖ беҳтаркунии пурраи воситаҳои техникии корхона;
❖ истифодабарии технологияи навтарин;
❖ сохтан, ҷорӣ намудан ва амалӣ гардондани навоварӣ ва ихтирот;
❖ истифодаи сарчашмаҳои нави қувва, ашёи хом, тақсимоти мувофиқи захираҳои мавҷудбуда;
❖ дигаргунсозиҳои куллии ташкилии корхона.

Аз худ намудани шаклҳои нави фаъолият, сарчашмаҳои молиягузорӣ ва маблағгузорӣ, яке аз равияҳои асосии навоварӣ мебошад. Ин раванд тағйироти куллиро дар фаъолияти корхона, ки ба азхудкунии технологияи замонавӣ, навовориҳои техникӣ, иқтисодӣ ва инчунин ташкили роҳҳои нави фурӯши мол равона шудаанд, метезонанд.

Сарчашмаи гирифтани фоидаи иловагӣ дар ин ҳолат дар асоси истифодаи самараноки захираҳое, ки дар натиҷаи навоварӣ озод мешаванд, ҳамчунин дар заминаи зиёдшавии ҳаҷми миқдории истеҳсоли маҳсулоти корхона мебошанд.

Барпо намудани моли сифатан нав ва хизматҳои нав дохил намудани намуди нави молҳо, хизматҳо ва тағйирот дар бозорро мефаҳмонад. Ин роҳ, ки

пешина
аз 465
навбатӣ