Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
Расми 5. Бартарият дар рақобати бозор.
Ғайр аз матритсаҳо, дар таҳлили стратегӣ боз усули қаҷҳатаи «таҷрибавӣ» ва «давраҳои ҳаётӣ» истифода мешавад.
Усули қаҷҳатаи таҷрибавӣ алоқамандии байни ҳаҷми маҳсулот ва арзиши аслии як воҳиди онро меноманд.
Маълум аст, ки дар ҳар ду маротиба зиёд шудани ҳаҷми маҳсулот арзиши аслии он 20-30% кам мешавад. Ин аз ҳисоби сарфа кардани хароҷотҳои доимӣ, баланд шудани ҳосилнокии меҳнат ва баланд шудани дараҷаи касбии коргарон, беҳтар кардани технологияи истеҳсолот ба даст оварда мешавад.
Тартиб додани усули қаҷҳата имкон медиҳад, ки дар як давраи муайяни стратегӣ оид ба хароҷоти корхона ва самаранокии истеҳсоли назорати идоракунӣ бурда шавад.
Усули қаҷҳатаи давраҳои ҳаётӣ: вобастагии байни ҳаҷми фурӯш, миқдор арзиш ва хусусиятҳои даврагии маҳсулотро мефаҳмонад.
-
Дар давраи зорӣ намудани мол зиёдшавии ҳаҷм ва суръати фурӯши он ба назар мерасад. Истеъмолкунанда молро намедонад ва ба сифати он боварӣ надорад. Дар ин давра арзиши аслии мол хеле баланд мебошад.
-
Давраи инкишофи моле, ки аллакай бозор шинохтааст. Дар натиҷаи афзоиши маҳсулот ва суръати ҳаракати фурӯши мол, арзиши аслии он паст шуда, фоида меафзояд. Дар ин давра банақшагирии аниқ,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор