Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Вобаста аз комбинатсияи ГМБ ва чор шакли нақшаи ҳолатии бозорӣ корхонаҳо метавонанд ҷои худро муайян созанд.

Баланд
Паст
Суръати афзоиш
Баланд
«Ситораҳо»
«Кӯдакони мушкил»
Паст
«Говҳои ҷӯшон»
«Сагҳо»

Расми 4. Ташаккули ҳиссаи бозор.

Вобаста ба ин гурӯҳбандӣ корхонаҳо дар бозор чор мавқеи стратегии худро доранд:

  1. Мавқеи афзоиши маҳсулот («кӯдакони мушкил») корхонаҳое, ки дар ҷараёни ҷорӣ намудани бозор мавқеъ доранд. Яъне, талаботи баланди на он қадар моли зиёд, лекин афзоянда дар бозори оянда. Дар чунин ҳолат, ё ҳиссаи бозорро зиёд кардан лозим аст, ё бозорро тарк гуфтан зарур мебошад.

  2. Мавқеи «Ситораҳо» инъикоси талаботи ба ҳиссаи зиёди бозорро фаро мегирад. Инчунин барои мустаҳкам кардани мавқеъ захираҳои зиёде талаб карда мешавад.

  3. Мавқеи молҳои даромаднокии калон доштаро «Говҳои ҷӯшон» ишғол менамояд. Талаботи на он қадар зиёд, вале доимо амалкунандаи молиягузории иловагиро талаб намекунад.

  4. Мавқеи маҳсулоти оянда надошта «сагҳо» мебошад, ки талаботи хеле паст ва ҳиссаи ками бозорро инъикос намуда, дар арафаи анҷомёбӣ мебошад. Анҷоми ин мавқеъ барҳам додани корхона ё худ тамоман дигар кардани он мебошад.

Усули матритсавии Мак-Кинси фирмаи «Ҷенерал электрик» сохти ҳозиразамони матритсаи ГМБ-ро дорад.

Мувофиқи ин матриса корхона аз рӯи диққатҷалбкунандагӣ ва бартарият дар бозор баҳо дода мешавад.

пешина
аз 465
навбатӣ