Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан

Равияҳои асосӣ дар ин ҳолат сафарбар намудани захираҳои дохилӣ ва муқовимати корхона, сохтмони сармоявӣ, инкишофи истеҳсолот ва сохтори бозории корхона ба фаъолиятҳое, ки таваккали баландро талаб мекунад.

  1. Стратегияи мудофизати бо мақсади нигоҳ доштани корхона дар шароити вазнини молиявию хоҷагидорӣ амал мекунад.

Амалгардонии стратегӣ дар тартиб додани нақшаҳои ояндадори молиявӣ-хоҷагидории корхона, ҳисобҳои буҷавӣ, коркарди фоида ва зарари корхона, инчунин назорати иҷроиши он амалӣ мегардад.

Ҳамин тариқ, стратегияи инкишофи менеҷменти зинаи миёна ва поёнии идоракунӣ тактикаи кӯтоҳмуддат қабул карда мешавад.

Тактика гуфта, интихоби варианти беҳтарини амалгардонии стратегияи корхона дар шароити ҳақиқии мавҷуда ва ҳолатҳои номаълумро меноманд.

Стратегия ба инкишофи корхона таъсири дарозмуддат расонида, равандҳои ташаккул ва инкишофи дараҷаи асосии корхонаро муайян сохта, диққатро ба мақсади асосӣ равона сохта, қисмҳо ва фаъолиятҳои зиёдатиро аз байн мебардорад. Бинобар ин, стратегияи менеҷменти корхона бояд ҳақиқӣ ва аз ҷиҳати илмӣ асоснок буда, мақсаднокӣ ва мустаҳкамии корхона, инчунин ба меъёрҳои рафтору ахлоқ мувофиқат намояд.

  1. Стратегияи менеҷмент аз унсурҳои зерин иборат мебошад:

системаи мақсадҳо — миссияи корхона, мақсадҳои махсус ва умумӣ, вазифаҳо;

равандҳои асосии тақсимоти захираҳо. Захираҳои корхонаро мумкин аст, ки муттаносибан ё вобаста ба талабот баробар тақсим намоем;

қоидаҳо ва тартиботи ҷорӣ намудани фаъолияти идоракунӣ. Мисол тартиботи коркард, пешниҳод, тасдиқ ва иҷроиши нақшаҳои корхона;

пешниҳодҳо оид ба омилҳои асосии муҳити беруна;

маълумотҳо оид ба фаъолияти рақибони корхона;

маҳдудиятҳои захиравии дохилӣ ва берунаи ташкилот;

барнома ва равандҳои асосии фаъолият;

нақшаи молиявии корхона;

стратегияи ҳолатии корхона.

пешина
аз 465
навбатӣ