Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
Маълум аст, ки дар ҷараёни ташаккули стратегии корхонаҳо ҳолатҳое мешаванд, ки онҳо пештар муайян набуданд. Чунин як ҳолатҳо баъзан боиси дигаргун шудан, ё ин ки тамоман иҷро нагаштани мақсадҳои стратегӣ мегардад. Барои он, ки чунин ҳолатҳо рух надиҳанд, аксар маврид дар корхонаҳо, вазифаҳо, ё чорабиниҳои стратегӣ тартиб дода мешаванд, ки асосан масъалаҳои зеринро дар бар мегирад:
❖ таъмин намудани инкишофи фаъолияти корхона дар шароитҳои мураккаб;
❖ барномаи оптималии истеҳсоли маҳсулот ва қудратҳои истеҳсолӣ;
❖ коркарди тағйиротҳо дар кооперасияи диверсификатсияи истеҳсолӣ ва ташкили системаҳои нав;
❖ мутобиқкунонии системаҳои баҳисобгирии дохилӣ, банақшагирӣ, идоракунӣ ва ғайра;
❖ коркарди барномаи инкишоф.
Ҳангоми тартиб додани чунин вазифаҳо ва чорабиниҳо эҳтимоляти иҷрои нақшаҳои стратегии корхона зиёд мегардад.
Корхонаҳо асосан якчанд намуди стратегияи худро кор карда мебароянд. Аз ҳама стратегияи асосӣ ин стратегияи генералӣ мебошад, ки миссияи корхонаро инъикос менамояд. Барои ҳолатҳои алоҳидаи корхона стратегияи махсус қабул карда мешавад.
Стратегияи асосии кории корхона ин стратегияи функционалӣ мебошад, ки роҳҳо ва вазифаҳои ба мақсадҳои махсус расидани гурӯҳҳои алоҳида, шӯъбаҳо ва қисматҳои алоҳидаи корхона нишон дода шудаанд.
Ба стратегияи функционалӣ стратегияи маркетинг, стратегияи истеҳсолот, стратегияи пешрафти илмию техникӣ ва тадқиқотӣ, стратегияи молиявӣ, стратегияи кадрӣ ва ғайра дохил мешаванд.
-
Асосан омилҳои зерини таъсиррасонандаро ба стратегияи менеҷменти корхона ҷудо мекунанд:
-
Миссия - омиле, ки ба талаботи ҷамъиятӣ ва инкишофи ҷамъиятӣ вобаста мебошад.
-
Бартарияти рақобат ҷамъи имконоте, ки ташкилот дар соҳаи фаъолияти худ нисбат ба рақибон дорад. Мисол: сифати баланди молҳо ва хизматрасонӣ, хароҷоти кам, ҷойгиршавии ҷуғрофии мувофиқ ва ғайра.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор