Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
Мазмуни қарори стратегӣ дорои чунин хусусиятҳост:
навоварӣ (тағйироти куллӣ) дар техника ва технология, сиёсати молиявии корхона, ташкил ва идоракунии корхона;
истеҳсоли сифатан нави молҳо ва хизматрасонӣ;
ба даст овардани бозори нав, танг карда баровардани рақибон, эълонҳои калони ташкилот;
сохтмони сармоявӣ, реконструксияи васеи корхона;
фаъолияти калони молиявӣ, фаъолият аз рӯи фондҳои асосии мӯҳлати зиёди истифодабарии дошта;
пурра дигаргун кардани корхона.
Таҷрибаи менеҷменти стратегӣ нишон медиҳад, ки асосан се қоидаи иҷрои он фарқ карда мешаванд:
-
Мақсаднокӣ. Стратегияро шахсиятҳои серғайрати мақсадноке ташаккул медиҳанд, ки асосан моликиятдор, ё менеҷери корхонаанд. Дар ин ҳолат ӯ аз рӯи қобилияти фаҳмиши шахсии худ ва имконоти корхона мувофиқи миссия ва мақсади корхона амал менамояд. Тамоми захираҳои корхона барои инкишофи худи он равона карда мешавад.
-
Таҳаввулот. Инкишоф оҳиста-оҳиста аз рӯи мақсадҳои дар ҷараён бадастомада сурат мегирад.
Фикрҳои стратегӣ бо роҳи ҷамъшудани нишондиҳандаҳои миқдории тағйирот, вобаста аз фаҳмиши роҳбар ва ҳайати корхона амалӣ мегардад. Дар ин ҷо банақшагирӣ аҳамияти калон дорад.
- Табадуллот. Инкишоф бо роҳи ҷаҳиши калони мубодила ба вуҷуд меояд. Мақоми асосӣ ба навоварӣ дода мешавад.
Вуҷуд доштани ин се қоидаи аълои менеҷменти стратегӣ мазмуни асосии зиддияти менеҷменти стратегиро ташкил медиҳад. Яъне, аз як тараф, равона кардани ҳамаи захираҳо барои иҷрои вазифаҳои ҷории корхона, аз тарафи дигар фикр карда баромадани ояндаи корхона, равона сохтани ин захираҳои маҳдуд якбора боз барои иҷроиши масъалаҳои стратегӣ норозӣгӣ ва баъзе зиддиятҳоро ба миён меорад. Бинобар ин, яке аз вазифаҳои асосии менеҷменти стратегии корхона ин нигоҳ доштани баробарии оптималии тақсимоти захираҳо барои имрӯзу фардои корхона мебошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор