Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
14.1. Моҳият ва сохтори менеҷменти стратегӣ
Стратегияи ташкилот гуфта роҳи фаъолият ва сиёсати инкишофро дар давраи дарозмуддат меноманд, ки барои амалӣ гардондани миссия ва мақсади корхонаҳо равона карда шудааст.
Миссияи корхона гуфта мақсади асосии вуҷуд доштани корхонаро меноманд. Мисол, барои корхонаи истеҳсолии «Нонпаз» миссияи асосӣ таъмин намудани аҳолӣ бо нони гарми сифати баланд дошта мебошад.
Миссияи корхона бо роҳи ба мақсад расидан амалӣ мегардад.
- Менеҷменти стратегӣ гуфта, кулли нақшаҳои стратегӣ ва қарорҳои ташкилиеро, ки барои ояндаи дур ҳисоб карда шуда, бо мақсади таъмин намудани миссия ва вазифаҳои ташкилот ба таври мушаххас ин фаъолият ҳисоб карда шудааст, меноманд.
Барои менеҷменти стратегӣ чунин хислатҳо хос мебошанд:
❖ таъсир ба дигаргуншавии муҳити беруна, бо роҳи тағйир додани муҳит;
❖ муайян кардани мақоми асосии фаъолият дар шароити номуайянии ва
таваккалии он;
❖ диққати махсус додан ба ахбор: гирифтани ахбор, коркард ва ҷорӣ
намудани он;
❖ ҳамоҳангсозии истифодабарии тамоми усулҳои идоракунӣ: ояндабинӣ ва
банақшагирӣ, ба буҷадарорӣ, оптималӣ будани қарорҳо;
❖ бефосилагии раванду идоракуниро аз рӯи вақт, яъне менеҷменти стратегӣ
на фақат дар доираи барномасозӣ ва ояндабинӣ, балки дар ҷараёни иҷрои
чорабиниҳо ва дар танзими доимии онҳо иштирок мекунад;
❖ алоқаи бевосита ба идоракунии оқилона: менеҷменти стратегӣ дар роҳбарии ҷории ташкилот, дар ҳалли масъалаҳои стратегӣ иштирок мекунад.
Менеҷменти стратегӣ аз менеҷменти ҷории корхона ба он фарқ мекунад, ки дар он ҳолати ҳақиқии корхона не, балки ҳолати фикркардашудаи нақшаи 5-10 сола, ки корхона бояд иҷро намояд, нишондиҳандаҳои инкишоф мебошанд.
Аз ин нуқтаи назар, дар муқоисаи ҳолати ояндабинӣ ва ҳақиқии имрӯзаи корхона қарори стратегӣ пайдо мегардад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор