Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Гуфтушунидҳо вобаста аз миқдори иштироккунандагон, тарзи гузаронидан, дараҷаи расмият ва ӯҳдадориҳои тарафҳо аз якдигар фарқ мекунанд.

Функсияи асосии гуфтушунид ҷустуҷӯи роҳҳо ва ҳалли муноқишаҳо мебошад, ки ҳарду тарафро қаноатманд созанд. Ин вазифа аксар мавридҳо иҷро мегардад, аммо ҳолатҳо ҳам мебошанд, ки тарафҳо ба ҳамдигар гузашт мекунанд. Вобаста аз дурустии мақсадҳои гуфтушунидҳо ҳалли муноқишаҳо чунин кӯтоҳ мегиранд:
конструктивӣ, тағйир додани ҳолатҳо ба тарафи беҳтаршавӣ;
деструктивӣ — муташаниҷшавии ҳолатҳо;
ташвиқотӣ;
аниқкунанда;
манипулятсионӣ, ё худ диққатро ба дигар тараф ҷалб намудан;

Яке аз функцияи дигари гуфтушунид ин ахборӣ мебошад. Дар натиҷаи гуфтушунид тарафҳо фикрҳои худро иброз медоранд ва дар натиҷаи он ахборе пайдо мешавад, ки барои ҳалли муноқиша зарур мебошад. Ахборе, ки дар натиҷаи гуфтушунид ба даст меояд, шиносшаванда, мантиқӣ, нуқтаи назари тарафҳо, ҳисоботӣ ва ғайра мешавад.

Ду шакли гуногуни гуфтушунид вуҷуд дорад: мавқеӣ ва натиҷавӣ. Мазмуни шакли якумин дар он аст, ки бо мақсади аниқ муайян кардани мавқеи тарафҳо вобаста аз мавқеи реалӣ ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли муноқиша ба кор бурда мешавад. Бояд, ки мавқеъ ва манфиат аз якдигар фарқ карда шаванд. Мавқеъ ин комплекси ҳуқуқҳо, ӯҳдадориҳо ва имкониятҳои субъектҳо мебошанд, ки ба манфиати коргарон ва хизматчиён мувофиқат менамоянд.

Гуфтушуниди мавқеӣ дар навбати худ дорои ду шакл мешавад: мулоим ва қатъӣ. Мазмуни гуфтушуниди мулоим дар он аст, ки одамон барои ба мақсад расидан ба якдигар гузаштҳо мекунанд. Дар мавриди гуфтушуниди қатъӣ, бо кадом роҳе набошад, талаботҳои хешро бояд қонеъ созанд.

Асосан гуфтушунидҳои мавқеӣ хеле мураккаб буда, аксар вақт ғайрисамаранок мебошанд:

  1. Чӣ қадаре, ки тарафҳо мавқеи худро ҳимоя карда, тарафи дигарро маҷбур месозанд, ҳамон қадар мақсадҳои хешро дар амал татбиқ намудан мушкил мегардад.
пешина
аз 465
навбатӣ