Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
- Стратегияи ҳалли пурраи муноқиша, ба манъ кардани мубориза равон шудааст. Шароити қабул намудани ин стратегия чунин мебошад:
мавҷуд будани мақсадҳои умумӣ; боварӣ ба якдигар; муносибат ба муноқиша ҳамчун ҳодисаи муқаррарӣ; пешгӯии аниқ ва саривақтии масоил; қабул намудани қонуни талаботҳо ва манфиатҳои тарафҳо.
Чунин як стратегия дар ҳама ҳолат мувофиқи мақсад мебошад, чунки якум - масоил хислати глобалӣ нагирифта ҳалли худро меёбад, дуюм - муҳити рӯҳии корхона хуб мегардад ва сеюм - манфиате, ки тарафҳо аз чунин тарзи ҳалли масъала мегиранд аз ҳама намудҳои дигар хубтар аст.
Аммо дар аксари мавридҳо муноқишаҳо худ аз худ ҳалли худро намеёбанд, ё худ онҳоро ба инобат намегиранд, ки дар натиҷа ҳаҷми ин муноқишаҳо васеъ шуда, билохира боиси барҳам хӯрдани ташкилот, ё ба истеъфо рафтани роҳбарон мегардад. Бинобар ин, роҳбарони корхонаҳоро зарур мебошад, ки ҳалли муноқишаҳоро ба дасти худ гиранд.
Стратегияи пешгирии муноқиша ин ҷамъи чорабиниҳои ташкилие мебошад, ки асосан хислати фаҳмонда додани масоилҳоро дорад. Ин масоилҳо оид ба баланд бардоштани музди меҳнат, тақсимоти боадолатонаи захираҳо, тағйир додани сохтори корхона, ҳамоҳангсозии механизмҳо ва ғайра мебошанд.
Стратегияи ҳалли муноқиша барои бовар кунонидан, ё ин ки маҷбур кунонидани тарафҳо доир ба анҷом додани муноқиша ташкили гуфтушунид, ёфтани ҳалли қобили қабули дутарафаи масъала ва дигар роҳҳои аз байн бардоштани муноқиша мебошад.
Барои мубориза бурдан ба туҳмату иғвогариҳо воситаи хуби мубориза вуҷуд дорад. Дар ин ҳолатҳо аслан пешвоёни муноқишаро аниқ карда, ҷазо медиҳанд ё ин ки масъалагузорӣ мекунанд. Яке аз шаклҳои беҳтарини ҳалли муноқишаи дохилитӯҳми ташкилотӣ, ин гуфтушунид мебошад. Тарафҳои ин гуфтушунид: маъмурият, иттифоқи касаба, намояндаи коллективи меҳнатии ташкилот ва дигарон мебошанд.
Объекти муноқиша асосан предмети он мебошад. Дар давоми гуфтушунид тарафҳо масъаларо пурра, нуқта ба нуқта муҳокима мекунанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор