Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
Муноқишаҳо асосан ба чунин натиҷаҳо оварда мерасонанд:
- Азнавсозии ташкилот (тағйир додани мақсад, вазифа ва системаи идораи корхона).
- Барҳам додан, ё навкунии коллектив.
- Аз нав ҷобаҷокунии кормандон.
- Ҷустуҷӯи одаме, ки ҳамаи гуноҳҳоро бар дӯши ӯ бор мекунанд.
13.5. Стратегияи роҳбарият барои бартараф намудани муноқишаҳо
Ҳар як роҳбар ҳаракат мекунад, ки муноқишаи дар корхонаи ӯ ба вуҷуд омада, тезтар аз байн бардошта шавад. Чунин як ҳолат дар асоси қувваи ҳарду тараф, ё ин ки бо воситаи қувваи сеюм, яъне миёнарав иҷро карда мешавад. Се тарзи рафтори иштироккунандагони муноқиша дида мешаванд:
❖ нишонагирӣ барои ба мақсад расидан;
❖ муросо, яъне гузашт кардани як тараф;
❖ конструктивӣ, ки якҷоя ҳалли муноқишаро фикр карда мебароянд.
Гурӯҳбандии шакли рафтори иштироккунандагони муноқиша аз тарафи олимон К. Томас ва Р. Клименн ҳанӯз соли 1972 пешниҳод карда шудааст:
- Вақте, ки ҳарду тараф барои ҳалли он ҳавасманд мебошанд ва ҳаракат доранд, ки стратегияи аз ин муноқиша халос шуданро истифода карда, ба якдигар муносибати хуб дошта бошанд. Асосан агар объекти муноқиша субъективӣ бошанд, он гоҳ ин масоил ҳалшаванда мебошад.
- Дар ҳолате, ки яке аз тарафҳо вазифаи баланд гирифта, баъзе хоҳишҳояш тарафи дуюмро иҷро мекунанд.
- Вақте, ки яке аз тарафҳо аз рӯи зинаи вазифадорӣ аз тарафи дигар волоии зиёд дорад, стратегияи қувваро истифода карда, тарафи дигарро мағлуб месозад. Истифодабарони чунин стратегия аксар маврид игвогарӣ, тӯҳмат ва дигар усулҳоро истифода мекунанд.
- Агар ҳарду тараф якхела дараҷаи мавқей дошта ва барои ҳалли муноқиша якхела ҳавасманд бошанд, стратегияи муросоро, яъне созиш кардан, истифода бурда, фоидаву зарарро баробар тақсим мекунанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор