Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
Яке аз унсури муноқиша ин объект мебошад, ки онро амалӣ мегардонад. Аксар маврид ин захираи камёфте мебошад, ки дар мавриди тақсим ба ҳама намемерасад. Бинобар ин одамон ҳаракат мекунанд, ки захираҳоро пурра ба манфиати худ истифода баранд, ё ҳеҷ набувад дар он ҳиссадор бошанд. Яке аз унсури дигари муноқиша ин предмети он мебошад, ки инъикоси нуқтаҳои гуногунро ба объект муайян месозад.
Мувофиқи ин ҳолатҳои муноқишавӣ мешаванд воқеят ва айният. Омили айният доимо эҳсосотӣ буда, аксар маврид сабаби носозии психологии одамон ва нахостани дарки хоҳиши якдигар мебошанд.
Агар нуқтаи назар ва фикру ақидаҳо ба ҳодисаҳо гуногун бошанд, ҳолати муноқишавӣ шарт ва зарур мебошад.
Ба рафтори одамон дар шароити муноқишавӣ манфиатҳои шахсӣ, нақшаҳои наздик ва дурнамои онҳо, баҳои мавқеъ ва имконоти онҳо, мақсадҳо ва тарзи фаъолияти рақиб таъсири калон мерасонанд.
Вобаста ба инкишофи ҳолати муноқиша мавқеи он васеъ, ё маҳдуд шуда, эҳтимоли доираҳои дигари ташкилотро фаро гирифтан дорад. Муноқиша метавонад бо ёрии игвогарон авҷ гирад ва ин фазои дуюми муноқиша ҳисобида мешавад. Ин ҳодиса шояд мақсаднок сурат гирад. Пайдоиш дар натиҷаи авҷ гирифтан муноқиша ба амри тасодуф дараҷаи олии худ мерасад.
Баъд аз ин даври сеюми муноқиша сар мешавад, ки инро бӯҳрон, ё ин ки барҳам хӯрдани муносибатҳо байни оппонентҳо меноманд. Ин давр дар навбати худ аз ду давра иборат аст: конструктикӣ ва ғайриконструктикӣ. Дар давраи якум бо ёрии миёнаравҳо муноқишаро ҳал кардан мумкин аст. Дар давраи дуюм аллакай ҳалли муноқиша дигар илоҷи мусолиҳарона надорад.
Давраи чорум барҳам додани муноқиша дар ҳолате, ки яке аз тарафҳо бо воситаи қувваи худ муноқишаро барҳам медиҳад.
Барҳам додани муноқиша бо роҳҳои зайл гузаронида мешаванд:
иштироккунандагонро аз ҳам ҷудо намудан;
ислоҳоти психологӣ, ки дар кам ҳолатҳо ноил мегардад;
тағйир ёфтани мақоми яке аз тарафҳо, масалан агар як тарафи муноқишакунанда мақоми роҳбарӣ пайдо кард тарафи дигар хоҳ-нохоҳ муноқишаро бас мекунад;
сулҳ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор