Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

шахсоне, ки манфиатдори тез хомӯш кардани муноқиша мебошанд; миёнаравҳо, доварон, намояндагони ҳокимият;

шахсони бетараф - назоратчиёни қонун, шахсони ҳавасманд, инчунин шахсони тасодуфӣ ва дигарон.

Муноқишаҳои истеҳсолӣ дар шаклҳои зерин пайдо мешаванд: арзу шикоятҳо, фиребу найрангбозиҳо, корпартоӣ ва зиддижамоиҳо. Корпартойҳо дар навбати худ чанд хел мешаванд:

қатъ кардани кор ва аз ҷои кор рафтан;

кор аз рӯи қоида;

кашолкорӣ;

кори нопурра (як соат қафо мондан, ё барвақт рафтан);

дар ҷои кор истода қатъ кардани кор;

кор аз рӯи хоҳиши худ (корпартоии фаъол);

Чор роҳи барҳам додани корпартой мавҷуд мебошад:

бо воситаи қувва;

таъмин кардани талаботҳои корпартойкунандагон (қисман, ё пурра);

оҳиста-оҳиста хомӯш гаштан дар натиҷаи бад шудани аҳволи оилавӣ;

қафонишинӣ кардан.

Ҷараёни муноқишаро дар ду фаҳмиш борик ва васеъ фаҳмидан мумкин аст. Дар давраи аввал ҳолати муноқизнавӣ пайдо мегардад. Ин чунин ҳолате мебошад, ки қасдгирӣ, як авлод аз авлоди дигар, ё ки аз тарафи гурӯҳи дигар пайдо шудааст, аммо бо ҳам бархӯрдани қувваҳо ҳоло гурӯҳе дида намешавад.

Ҳолати муноқизнавӣ аввалу охири аниқ надорад. Унсури асосии он пеш аз ҳама иштироккунандагон мебошанд:

  1. Тарафҳои бо ҳам муқобил, ки қувва, захираҳои моддӣ ва ахборӣ мавқеи муайяни худро доранд.

  2. Игвоандозон - шахсоне, ки тарафҳоро ба муноқиша тела медиҳанд.

  3. Ёдамчиён - шахсоне, ки ба яке аз тарафҳо кӯмаки маслиҳатӣ, таҷҳизотӣ мерасонанд.

  4. Ташкилотчиён - шахсоне, ки муноқишаҳоро ба нақша мегиранд, вале на ҳама вақт худашон иштирок менамоянд.

пешина
аз 465
навбатӣ