Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
-
Вобаста аз миқдори сабабҳои муноқишаҳо - яксабабдошта ва бисёрсабабдошта мешаванд.
-
Аз рӯи натиҷа муноқишаҳо конструктивӣ ва ғайриконструктивӣ мешаванд.
Конструктивӣ - имконоти дигаргуниҳои куллиро дар ташкилот ба вуҷуд меорад.
Агар муноқиша асос надошта бошад, ягон тағйироти конструктивиро дар корхона пайдо намекунад. Аммо агар сари роҳи ҳама гуна муноқиша гирифта, саривақт хомӯш карда нашавад, ба вайрон шудани муносибатҳои байни одамон ва умуман, системаи истеҳсолии ташкилот оварда мерасонад. Олимони шӯъбаи Новосибирски Академияи илмҳои Федератсияи Россия Ф. Бородкин ва Н. Коряк шаш шакли муноқишаҳои шахсиро, ки оқибат ба муноқишаҳои яроқнок оварда мерасонанд, ҷудо мекунанд:
- Шахсони алоҳида худнамоишкорона мехоҳанд, ки дар маркази диққат бошанд, бинобар ин ташаббускори муноқиша мебошанд.
- Шахсони ҷабрдида ақидаҳои дигаронро инкор карда, мехоҳанд, ки нисбати онҳо бадӣ ҷорӣ намоянд.
- Муноқишаи идоранашаванда, рафторҳои номаълуми агрессивӣ.
- Муноқишаҳои номаълуми ғаразнок, бадхоҳӣ, талабҳои зиёдатӣ ва ғайра.
- Муноқишаҳои мақсаднок, ки ҳамчун воситаи ба мақсадҳо расидан ташкил карда мешаванд.
- Рафторҳои бемуноқиша, ки дигаронро ба муноқиша даъват намуда, масоилҳои навро ба миён меоранд.
Муноқишаҳо ғайр аз он, ки байни шахсҳо ва дохили шахсҳо сурат мегиранд, инчунин шаклҳои истеҳсолии худро доранд.
Муноқишаи истеҳсолӣ гуфта, он муноқишаҳоеро меноманд, ки дар дохили ташкилот вобаста аз пайдоиши масоилҳо ба миён меоранд. Чунин муноқишаҳо ба худ якчанд гурӯҳи одамонро ҷалб менамоянд, ки дар байни онҳо чунин шахсон вомехӯранд:
♦ аъзоёни ташкилот - маъмурият, ҳайат ва соҳибмулкон; ♦ одамони беруна, ки бо хоҳиши худ, ё тасодуфан дар муноқиша ҳамроҳ шуданд - ҳамкорон, рақибон, иттифоқи касаба, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, оилаҳо ва ғайра;

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор