Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Муноқишаҳои байнишахсӣ аксар маврид дар асоси рафтори ғайримеъёрии шахсони алоҳида, ё гурӯҳи алоҳида, вақте ки ҳарду тараф низ ҳаракат мекунанд то ҳақ будани худро нишон диҳанд ба вуқӯъ меоянд.

Муноқишаҳои байнигурӯҳӣ дар асоси фарқияти нуқтаҳои назари сиёсӣ ва манфиатҳои моддӣ ба миён меоянд.

Муноқишаҳои манфиатҳо дар ҷое ба вуҷуд меоянд, ки манфиати як гурӯҳ аз гурӯҳи дигар вобаста мебошад.

Ҳалли масъалаҳои ба манфиатҳои одамон доимо вобаста дар асоси қувваи ҳокимият амалӣ мегардад. Бинобар ин, шахсони дар муноқиша иштироккунанда ҳамчун муайянкунандаи он баромад мекунанд.

Х. Уилмер менависад, ки муноқишаҳо ҳаракати ба ҳокимият наздик шудани одамонро ба миён меорад. Одамон ба муноқиша дохил шуда, ҳаракат мекунанд, ки дар тартиботи дараҷаҳои ҳокимиятдорӣ мавқеи худро пайдо намоянд. Муноқишаҳо байни гурӯҳҳои расмӣ ва ғайрирасмӣ сурат гирифта, асосан дар корхонаҳои бюрократӣ бисёртар дида мешаванд.

  1. Аз нуқтаи назари дараҷаи ташкили муноқиша, ки тарафҳо иштирокчиёни он мебошанд, уфуқӣ ва амудӣ мебошанд. Дар муноқишаи уфуқӣ қисматҳо, ё шуъбаҳои як зина, ё шахсони як зинаи идоракунӣ дохил мешаванд. Муноқишаи амудӣ бошад 70-80% ҳайати тартиботи дараҷаҳои мартабаҳои идоракуниро дар бар гирифта, эҳтимоли онро дорад, ки хатари калонро ба миён орад.

  2. Аз рӯи доираи пайдоиш муноқишаҳо ба корӣ, вобаста ба иҷрои вазифаи ҳар як роҳбар ва шахсӣ, ки ба муносибатҳои ғайрирасмии он вобаста аст, ҷудо мешавад.

  3. Дар мавриди тақсимоти фоида ва зарар низ байни шахсон муноқиша сар мезанад. Дар навбати аввал онҳо баробар фоидаи ба дастовардаашонро тақсим мекунанд ва дар ҳолати дуюм зарари дидаашонро.

  4. Вобаста аз дараҷаи пайдоиш муноқишаҳо кушода ва пӯшида мешаванд. Муноқишаи кушодаро нисбат ба муноқишаи пӯшида назорат кардан осон мебошад.

  5. Вобаста аз раванди хурӯҷи муноқишаҳо авҷиранда ва хомӯшшаванда мешаванд.

пешина
аз 465
навбатӣ