Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ИқтисодиётТиҷоратИдоракунӣ
Аз аввал хондан

Бинобар ин, муноқишаҳоро на танҳо хомӯш кардан, балки онҳоро ба танзим даровардан лозим мебошад. Дар навбати худ муноқишаҳо тарафи манфӣ низ доранд: муҳити психологӣ ва маънавиро дар коллектив коста намуда, қасдгириҳоро ба вуҷуд меорад, душмангароӣ зиёд шуда, ба норозигии одамон, аз кор рафтани кормандони баландихтисос ва пастшавии ҳосилнокии меҳнат оварда мерасонад.

Сабабҳои муноқиша аксар маврид барои муҳокимаи мантиқӣ дуруст намеоянд, чунки сарчашмае, ки муноқиша аз он сар мешавад, воқеияти ҳақиқии он намебошад.

Муноқишаҳоро ба тариқи зайл гурӯҳбандӣ менамоянд:

  1. Аз рӯи ҳаҷм — муноқишаи умумӣ мешавад, ки тамоми ташкилотро пурра дар бар мегирад ва қисман, ки қисматҳои алоҳидаи онро дар бар мегиранд.
  2. Аз рӯи давраҳои инкишоф — пайдошаванда, пухтарасида ва хомӯшшаванда.
  3. Аз рӯи дарку фаҳмиш — кӯр-кӯрона ва меъёрӣ.
  4. Аз рӯи ҳал — мусолиҳа — бемусолиҳа.
  5. Аз рӯи давомоташ — кӯтоҳмуддат ва тӯлонӣ, муддати зиёд дар корхона давом мекунад, ки дар натиҷа ба вайроншавии система оварда мерасонад.
  6. Аз рӯи муносибат ба субъектҳои муноқиша ба гурӯҳи дохила ва беруна ҷудо мешаванд. Гурӯҳи якум дар натиҷаи норозигии як ё ду нафар одамон дар алоҳидагӣ сар мезанад. Муноқишаи беруна бошад, дар рафти мухолифати байни шахсҳо, гурӯҳҳо ва партияҳои гуногун ба миён меорад.

Пайдоиши муноқишаи дохила вобаста ба ҳар як шахс, коргари корхона, аз донишу фаҳмиш, вазифадори ӯ, мавқеи он доир ба ин ё он ҳодисаи ташкилот ё рафтори роҳбарон пайдо мегардад. Чунин муноқишаҳо бештар дар атрофи тарзи роҳбарӣ, пайдоиши масъалаҳо, мақсадгузорӣ ва вазифагузорӣ дар корхона, системаи ҳавасмандӣ ва мотиватсияи меҳнат ба вуҷуд меоранд.

Муноқишаҳои байнишахсӣ, ки 75-80% онҳо дар асоси манфиатҳои моддӣ ба миён меоянд, ҳарчанд ки дар назар онҳо бо ҳам мувофиқ наомадани хислатҳо бошанд. Ба муҳит нигоҳ карда, одамон дар асоси мавқеъ ва хислати шахсии худашон амал карда, ҳодисаро инъикос менамоянд.

пешина
аз 465
навбатӣ