Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

13.4. Шаклҳои муноқишҳои дохили ташкилотӣ ва равандҳои онҳо

Муноқиша гуфта бо ҳам бархӯрдани ду равияи бо якдигар зидди психикии одамони алоҳида дар муносибатҳои онҳо, иттиҳоди расмӣ ва ғайрирасмии онҳо, дар асоси нуқтаи назар, мақсад ва мавқеҳои гуногунро меноманд.

Дар ташкилот муноқиша доимо дар асоси рафторҳои муайян ва ҳаракатҳое пайдо мешаванд, ки манфиати дигаронро ба эътибор намегиранд.

Дар муноқиша аксари маврид номуайянӣ дида мешавад, ки ба гуногуншаклии манфиати иштироккунандагон, хусусияти психологии онҳо, ҳолатҳои тасодуфӣ вобастагӣ дорад, аммо аксари мавридҳо натиҷаи муноқишаҳо пешгӯӣ карда мешаванд.

Асосан, одамон дар муноқиша ҳамон вақт дохил мешаванд, ки илоҷи дигари ҳалли масъаларо намебинанд. Лекин аксари маврид онҳо ҳаракат мекунанд, ки ба муноқиша дучор нашаванд.

Яке аз тарафҳои муноқиша, мақсадҳои худро дунболагирӣ намуда, ташаббускори он мегардад. Тарафи дигар, ки манфиати моддӣ, маънавӣ ва ташкилии худро дорад, манфиати тарафи дигарро ҳимоя мекунад, тарафи сеюм мавқеи интизориро интихоб мекунад ва чорум ҳавасмандӣ ба охир расидани муноқиша, ҳаракат мекунад, ки он ҳарчӣ зудтар анҷом ёбад.

Аксари нуқтаи назарҳо чунин меҳисобанд, ки муноқиша на фақат имконнопазир, балки зарур ҳам мебошад:

  1. Муноқиша имкон медиҳад, ки масоилҳои аз назар дур мондаро муайян созем ва ҳалли барои ҳама тараф маъқулро ёбем.

  2. Муноқишаҳо ба азнавсозии механизмҳои вуҷуддошта ва пайдоиши механизми нави иҷтимоӣ оварда мерасонад, ки зиддияти кам дошта, ба ҳамдигарфаҳмӣ, якдилии коллектив оварда мерасонад.

  3. Муноқишаҳо ҳавасмандии одамонро ба фаъолгардонии қобилият, эҷодкорӣ, пайдоиши ақидаҳои нав, тайёр будан ба навовариҳо зиёд мегардонад. Умуман, бе муноқиша одамон аз инкишоф мемонанд.

пешина
аз 465
навбатӣ