Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

он, ки дар вақти иҷрои бомуваффақияти супориш кадом манфиатҳо онҳоро интизор аст.

Вобаста аз ҳолатҳо чор тарзи роҳбарӣ ҷудо карда мешавад:

  1. Тарзи дастгирӣ.
  2. Тарзи дастгоҳӣ.
  3. Тарзи роҳбарие, ки ба натиҷагирӣ равона шудааст.
  4. Тарзи иштироки иҷрокунандагон дар қабули қарор.

Ба ақидаи В.Врума ва Ф. Исттона вобаста аз ҳолатҳои ба вуҷудомада хусусияти коллектив ва хислати масъалаҳо панҷ тарзи идоракунӣ ҷудо карда мешавад:
❖ роҳбар дар асоси ахбори мавҷуда худаш қарор қабул мекунад;
❖ роҳбар ба ҳайат масоилро ахбор дода, онҳоро гӯш карда, қарор қабул мекунад;
❖ роҳбар масъаларо ба ҳайат фаҳмонда, онҳоро гӯш карда, қарори худашро мебарорад;
❖ роҳбар бо якҷоягии ҳайат масоилро муҳокима намуда, ақидаи умумиро қабул мекунад;
❖ роҳбар доимо дар якҷоятӣ бо гурӯҳ кор мекунад, ки дар натиҷа қарори коллективӣ бароварда мешавад.

Ҳангоми интихоби тарзи роҳбарӣ ченакҳои зерин истифода карда мешаванд:

  1. Мавҷудияти ахбори зарурӣ ва таҷрибаи итоаткунандагон.
  2. Дараҷаи талаботе, ки барои қарор зарур мебошад.
  3. Аниқ муайян кардани масоилҳо.
  4. Дараҷаи иштироки коргарон дар кори ташкилот ва зарурати ба онҳо маслиҳат намудан.
  5. Эҳтимолияти қабули қароре, ки ба тарзи яккасардорӣ пешниҳод мешавад.
  6. Ҳавасмандии иҷрокунандагон барои ба мақсад расидан.
  7. Дараҷаи эҳтимолияти пайдо шудани муноқиша байни коргарон.

Умуман, исбот карда шудааст, ки тарзи роҳбарии ба дастгирии муносибатҳои инсонӣ равона кардашуда, аз ҳама самараноктарин ба ҳисоб меравад.

пешина
аз 465
навбатӣ