Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
Тарзи роҳбарие, ки дар Ғарб диққати махсусро ҷалб намудааст, ин тарзи инструменталӣ, ё худ нишонагирӣ ба вазифаҳо мебошад. Бартарияти ин тарзи идоракунӣ дар ҳалли тези қарорҳо, фаъолияти аниқ ва таъмини назорати қатъӣ сурат мегирад, аммо ин тарзи идоракунӣ дар итоаткунандагон хислати ғайрифавриро пайдо карда дар охир самаранокии меҳнат коста мегардад.
Тарзи инкишофёфтаи роҳбарӣ, ки имрӯз қариб тамоми ҷаҳониён қабул намудаанд, ин нишонагирӣ ба муносибатҳои одамон буда, шароити хуби психологӣ ва маънавиро пайдо карда, кори якҷояро ташкил намудан аст. Илова бар ин дар ин тарзи роҳбарӣ фикри иҷрокунандагон ба инобат гирифта шуда, онҳо бо тарзи ниҳоӣ ба иҷрои қарор ҷалб карда мешаванд. Малакаи дониши коргарон баҳо дода ва ҳавасманд гардонида мешавад.
Чунин тарзи роҳбарӣ имкон медиҳад, ки қаноатмандии эҷодкорӣ ва оводии иҷрои кор баланд бардошта шавад, тартиботи низоми меҳнатӣ хуб шавад. Қайд кардан зарур аст, ки дар ин тарзи роҳбарӣ алоқамандии се тарзи роҳбарӣ новобаста аз камии яке ва афзунии дигаре дида мешавад.
Бинобар ин дар адабиётҳо аксар вақт мафҳуми «консилиуми идоракунӣ» дида мешавад.
Ақидаи «консилиуми идоракунӣ» дар модели идоракунии В.Таннебаум ва Р.Шмидт дида мешаванд ва вобаста аз дараҷаи мустақилияте, ки ба иҷрокунандагон дода мешавад, роҳбарон аз 7-вариант якеро интихоб мекунанд.
- Фаъолияти фардӣ дар доираи минтақаҳои озод.
- Ҳуқуқҳоро ба гурӯҳҳо додан.
- Масъалагузорӣ ва интизор шудани пешниҳод доир ба ҳалли он.
- Қабули қарор ва танзими имконпазир аз рӯи маслиҳати иҷрокунандагон.
- Пешниҳоди ақидаҳо ва муҳокимаи онҳо дар гурӯҳҳо.
- Бовар кунонидани итоаткунандагон ба дурустии қарорҳо.
- Қабули мустақилонаи қарори идоракунӣ ва расонидани ахбор ба ҳайат.
Модели дигарро, ки тарзи роҳбарӣ аз ҳолатҳо вобастагӣ дорад Т.Митчел ва Р.Хаус пешниҳод менамояд. Бо сабаби он ки иҷрокунандагон бо мақсади иҷрои супориши корхона ҳаракат мекунанд, хуб мешуд, ки барои ин манфиати шахсии худро медоштанд. Дар ин маврид вазифаи роҳбарон аз фаҳмонда додани

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор