Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ИқтисодиётТиҷоратИдоракунӣ
Аз аввал хондан

Шакли пардапӯшӣ тарзи ҳукмравоии идоракунӣ буда, ҳокимияти мутлақро ба дасти роҳбар ва ҳосилнокии баланд медиҳад, дар мавриди иҷрои корҳои оддӣ бошад, ҳолатро тез мунтазам мегардонад. Аммо шакли мазкур ҳавасмандкунии дохилаи коргарро ташаккул намедиҳад, чунки чорабиниҳои аз ҳад зиёди тартиботӣ дар одамон тарс ва қаҳру ғазабро пайдо карда, эҷодкориро аз байн мебарад. Чунин тарзҳои идоракунӣ бештар дар соҳаи ҳарбӣ дида мешавад. Умуман, тарафдорони чунин тарзи идоракунӣ ин тундзоҷон — шахсони асабонӣ мебошанд.

Тарзи ҳукмравой дар назарияи «Х»-и Д. Мак Грегор, ки аз нигоҳи Ф. Тейлор ба менеҷменти аввали инкишофи саноатӣ хос аст, омӯхта шудааст. Мувофиқи ин ақида одамони миёна аз меҳнат гурехта, дар ҳолати пайдо кардани аввалин имконият хоҳиши озод шуданро доранд. Дар пешравии фаъолияти аксари коргарон ягон ҳаракат дида намешавад ва онҳо танҳо бо роҳнамоии роҳбарӣ кор карда метавонанд.

Бинобар ин, аз рӯи ақидаи Мак Грегор аксари чунин рафтори одамон на хосияти одамини онҳо, балки шароитҳои муҳити берунае мебошанд, ки одамон тибқи он кор ва зиндагӣ мекунанд.

Мак Грегор дар назарияи «Y»-и худ тасдиқ намудааст, ки хароҷотҳои меҳнати ҷисмонӣ ва фикрӣ табиӣ буда, аксари одамон чунин қобилияти дарккунӣ, эҷодию хоҳишро доранд ва онҳо корро бомуваффақият ба манфиати корхона иҷро мекунанд. Мувофиқи ақидаи Мак Грегор, инсони солим дар шароити мунтазам на танҳо масъулияти иҷрои корро дорад, балки ӯ худ дар ҷустуҷӯи он мебошад. Дур гаштан аз масъулият, фикр кардан доир ба бехатарӣ, ин таъсири муҳити беруна мебошад, ки ба табиати дохилии одам таъсир расонида наметавонанд.

Дар натиҷаи прогресси илмию техникӣ (ПИТ) аксари корҳои фикриро мошинаҳо бо воситаи идораи мошинаҳо иҷро мекунанд. Имрӯзҳо, ҳатто одамони оддӣ хоҳиши бо воситаи техника иҷро кардани корҳоро доранд.

Иҷрои вазифа ва ӯҳдадориҳои худ маҷбурсозӣ ва назорати берунаро талаб намекунанд. Инсон метавонад фаъолияти худро мустақилона идора намуда, онро барои ба мақсадҳо расидан равона кунад ва дар натиҷа бо комёбиҳои нав ба нав ноил гардад.

пешина
аз 465
навбатӣ