Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

ҳаракатҳои аниқ ва меъёрии ҳайат;
муҳити психологию маънавӣ, дараҷаи муноқиша, ҳолати тартиботи иҷроиш ва корӣ;
дараҷаи фаъолгардонии эҷодӣ ва кории иҷрокунандагон;
қабули коллектив роҳбар ва муҳити онро.

Давраҳои таърихии идоракунӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки яке аз тарзҳои инкишофёфта, ин тарзи ҳукмравии дастурӣ мебошад ва ин тарзи идоракунӣ нишонаҳои зерини худро дорад:

  1. Марказонидани ҳамаи ҳокимият дар дасти як роҳбар ва қабули қарори яккасардорӣ, ки дар натиҷа аксар маврид ба иҷрокунандагон мувофиқ намебошанд.

  2. Масофаи калони байни роҳбар ва иҷрокунандагон ва бартарияти муносибатҳои расминӣ байни онҳо.

  3. Супориши шакли фармони бе маълум кардани он бо мақсадҳои умумӣ ва вазифаҳои корхона.

  4. Истифодаи васеи чораҳои маъмурӣ, ҷазодиҳӣ.

Дар натиҷа дар ташкилотҳо муҳити носолими психологӣ ва маънавӣ пайдо шуда, барои муноқишаи байни роҳбар ва коргар шароит муҳайё мегардад.

Дар шакли авторитории тарзи идоракунӣ вуҷуд доранд:

Мустабидӣ (шахсиятпарастӣ) — хислат ва шакли чунин тарзи идоракунӣ пурра маълум аст.

Роҳбар ба коргарон (одамон) ҳамчун воситаи меҳнатии «суҳангӯй» муносибат карда, онҳоро дар «дастпӯшаки кордор» нигоҳ дошта, барои ҳар як масоил ва худнишондиҳӣ ҷазо медиҳад.

Усули пардапушӣ — дар шакли изофанависӣ, ё ин ки ҳисоботҳои бардурӯг фаъолиятҳои менеҷмент нишон дода мешаванд. Ташкилот ҳамчун як оила ва роҳбари он ҳамчун сардори оила дида мешавад. Роҳбар доир ба итоаткунандагони худ ғамхорӣ мекунад, як қисм мустақилиятҳо медиҳад, аммо аз рӯи қоидаи қатъии назорат аз тарафи роҳбар амал менамояд. Коргарон бошанд, дар навбати худ бояд ба роҳбар боварӣ дошта, бечунучаро ба ӯ итоат намоянд.

пешина
аз 465
навбатӣ