Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан
  1. Сиёсати мавҷуда, аз ҷумлаи тоталитарӣ демократӣ ва либералӣ, ки ба ҳама ҷабҳаҳои ҳаёти ҷамъият ва субъектҳои алоҳидаи он таъсири худро расонидааст.

  2. Ҳаҷми корхона, хислати фаъолияти ҷузъҳои он, тартиботи бурдани кор, системаи арзишҳо ва шакли маданияти идоракунӣ.

  3. Мавқеи роҳбар дар тартиботи дараҷаҳои мансабҳои идоравӣ.

  4. Мавқеи маъмурияти болоӣ.

  5. Тавсифи рӯҳии коллектив, алоқамандии онҳо.

  6. Сифатҳои фардии роҳбар. Ин сифат фаъолияти шахсии идоракунии роҳбарро нишон медиҳад, ки дигарон ӯро пурра рӯйбардор карда наметавонанд. Роҳбар новобаста ба ҳолат ва вазъиятҳои бамиёномада сифатҳои муайяншударо истифода мебарад.

  7. Сифатҳои шахсии итоаткунандагон, дараҷаи малакаи онҳо, пухта расидани онҳо, тайёр будани онҳо барои ҳамкорӣ.

  8. Хусусияти ҳолатҳо.

  9. Мувофиқати омилҳое, ки дар боло номбар намудаем.

Гурӯҳбандии асосии тарзи идоракуниро дида мебароем:

  1. Аз рӯи таъсир расонидан ба итоаткунандагон дар ҷараёни қабули қарор ва иҷрои он. Дар он ҷо усулҳои дастурӣ, демократӣ ва мусолиҳакорӣ истифода карда мешавад.

  2. Намудҳои тарзи роҳбарӣ - корчалонӣ, бюрократӣ, бемантиқ ва ғайра мебошанд.

  3. Тарзи расонидани ахбор ҳаяҷоноваранда, боварибахшанда, розикунонанда, маҷбуркунонанда мешавад.

  4. Вобаста аз имконотҳо, идоракунӣ аз намудҳои якбора истифодабаранда, якченака ва бисёрченака иборат мебошад. Ин таҷриба дар менеҷменти Ғарб номи «усули ду кулоҳро» гирифтааст.

Доир ба самараноки ин, ё он тарзи идоракуниро аз рӯи нишондиҳандаҳои зерин муайян месозанд:

❖ натиҷаи умумии фаъолияти ташкилотӣ, суръати инкишоф, ҳосилнокии меҳнат, меъёри фоида;

❖ афзоиши хароҷоти захираҳо (вақт, захираҳои моддӣ ва пулӣ);

пешина
аз 465
навбатӣ