Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
Мавҷуд набудани таъриф барои кори хуб, ё худ таърифро нашунидан бояд критерия - ченакҳои муайяни худро дошта бошанд. Истифодаи ченакҳои таъриф бояд барои ҳама якхела бошад, агар якеро хотирбинию таъриф ва дигареро беасос сарзаниш намоем, он гоҳ таъриф мантиқи худро гум карда, одамон дигар барои ба он расидан ҳаракат ҳам намекунанд.
- Танқид - шакли баҳои манфӣ ба кори коргарон додан мебошанд. Танқид бояд, ки асоснок буда, барои беҳтаршавии кор равона карда шавад ва воқеӣ бошад. Танқид бояд барои бартараф кардани камбудиҳо ёрирасон бошанд, бинобар ин дар кор шахсеро агар танқид кунанд, бояд наранҷад.
13.3. Тарзи роҳбарияти якченакӣ ва бисёрченакӣ
Дар адабиётҳои замони нав ду мафҳуми бо ҳам муродифи «тарзи идоракунӣ» ва «тарзи роҳбарӣ» истифода карда мешавад. Ҳарчанд ин мафҳумҳо ба ҳам наздиканд, аммо аз ҷиҳати дарки масъала аз ҳамдигар фарқ мекунанд.
Тарзи идоракунӣ гуфта системаи усулҳо, услубҳо ва шаклҳои фаъолияти тамоми коргарони идораро меноманд, ки вобаста аз функцияашон иҷро менамоянд. Унсурҳои тарзи идоракунӣ аз инҳо иборат мебошанд: тарзи роҳбарӣ, тарзи итоаткунӣ, тарзи зеритоаткунӣ ва механизми дохилии худнигоҳдорӣ.
Тарзи роҳбарӣ гуфта, нишондиҳандаи сифатии роҳбар ва тарзу усули таъсиррасониро ба иҷрокунанда меноманд.
Тарзи итоаткунӣ гуфта, кулли усул ва тарзҳои фаъолияти коргаронро меноманд, ки барои иҷрои вазифаи гузошташудаи роҳбар истифода карда мешаванд.
Тарзи зеритоатӣ гуфта, кулли усулҳои бо ҳам алоқаманди коргарони идоракунӣ як зинаро дар рафти иҷрои кори умумӣ меноманд.
Зарӯр мебошад, ки тарзи роҳбарӣ ва тарзи фаъолияти роҳбарро аз якдигар фарқ намоем.
Тарзи роҳбарӣ гуфта, кулли усулҳои аниқеро меноманд, ки роҳбар ба итоаткунанда таъсир мерасонад. Дар навбати худ тарзи роҳбарӣ аз якчанд омилҳо иборат мебошанд:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор