Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Таъсиррасонӣ танҳо дар сурати ба манфиати ҳар ду тараф будан самаранок шуда метавонад. Барои мисол як қатор шакли таъсиррасонии идоракуниро дида мебароем:

  1. Талаботе, ки як тараф бо истифода аз забонкӯтоҳии тарафи дигар фаъолияти идоракуниро ба роҳ мемонад.

  2. Боварӣ кунонидан ин исбот намудани дурустии ин, ё он талаботро меноманд. Ин пеш аз ҳама ба ақл таъсир расонида, мумкин аст, ки тағйирот дар рафтори одамон ба вуҷуд биёранд. Бинобар ин, бовар кунонидани одамон бояд бо ҳиссиёти баланд ва шакле сурат гирад, ки сомеъро қаноатманд намуда, эътимод бахшад.

Шароитҳои самараноки боваркунонӣ инҳо мебошанд:

  • мувофиқ омадани шакл ва мавзун ба дараҷаи инкишофи шахсиятҳо;
  • исботи ҳаматарафа, пайдарпай ва асоснок;
  • баҳисобгирии хусусияти фардии боваркунонӣ;
  • истифодаи қоидаҳои асосӣ ва далелҳои мушаххас;
  • такя ба мисолҳои маълум ва мушаххасе, ки одамон қабул доранд;
  • ҳиссиёти баланд;
  • пурра;
  • исботи мантиқӣ.
  1. Таъсирбахш бо мақсади бечунучаро қабул намудани як қатор калимаҳо, фикрҳо ва ҳаракатҳо. Ин фаъолият аз усули боваркунонӣ, обрӯю эътибори шахс ва тарзи пешниҳод, (бевосита, ё бавосита) вобаста мебошад.

Дар аксари маврид чунин ҳолатҳое ба миён меоянд, ки мантиқ дар рафтор нақше бозида наметавонад ва фақат ҳиссиёт ва фаросат ба ин кор сабаб шуда метавонад.

  1. Таъриф бояд барои ҳар як рафтори арзандаи иҷрокунанда дода шавад, агар моҳияти он қадар калон ҳам надошта бошад. Дар бисёр мавридҳо касоне, ки таърифро қабул мекунанд, ба фаъолияти корхона таъсири калон расонида, ба мақсадрӯсиро дар корхона таъмин менамояд.

Таъриф талаботҳои зерини худро дорад:

  • андозаи муайян доштан;
  • пайдарпай ва мавқеъ;
  • бо танаффусҳо.
пешина
аз 465
навбатӣ