Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
ҳаракати пайдо намудани пешвоён дар коллектив, шахсоне, ки барои дигарон мисоли хуби корию ахлоқӣ шуда метавонанд, ёрӣ расонидан дар интихоби кори мувофиқ.
Роҳбарии дуруст ин мувофиқ омадани қоидаҳо, давраҳо ва санъати истифодабарии онҳо мебошанд. Идоракунии одамон хеле мушкил мебошад, чунки онҳо аз ҳама объекти мураккаб ҳисобида мешаванд. Барои ин мо бояд донем, ки кадом омил рафтори одамонро ба миён меорад.
Аслан рафтори дурусти одамон дар асоси қоидаҳои зерин эҳтимоли ба миён омадан дорад:
хусусияти хоси мазмун ва ташкили меҳнат;
хоҳиши дараҷаи муайяни беҳтаршавии зиндагиро ба даст даровардан;
дарк намудани шаклҳои гуногуни ҳавасмандӣ;
ҳаракати иваз намудани мавқеи худ дар ташкилотҳо, мутобиқшавӣ ба шароити нав;
зарурати риоя кардани қоидаҳо ва тартибот дар ташкилотҳо;
хусусиятҳои шахсӣ.
Рафтори дурусти иҷрокунандагон, пеш аз ҳама, ба рафтори дурусти роҳбар вобаста мебошад. Панҷ хатои асосие, ки асосан дар вақти роҳбарӣ дида мешаванд, инҳо мебошанд:
-
Якрангӣ дар рафтори роҳбарон.
-
Баҳои хато додан ба ҳолатҳо ва қабули қарори саросема.
-
Ҳаракати нишон додани «Ман».
-
Худбаҳодиҳии ғайривоқеӣ.
-
Ба эътибор нагирифтани манфиати одамон, ё даҳолат кардан ба зиндагии шахсии онҳо.
Таъсиррасонӣ ба итоаткунандагон дар ду шакл сурат мегирад: ғайрифаъол ва фаъол.
Ғайрифаъол — ҳолате, ки ба коргарон таъсири бевосита норасонида, рафтори онҳоро бавосита ба танзим медароранд.
Фаъол — бо ёрии чорабиниҳои гуногуни иқтисодӣ, маъмурӣ, маънавӣ ва ғайра ба рафтори одамон баҳои мусбӣ, ё манфӣ дода мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор