Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
хоҳиши иҷрои корро надошта, асабонӣ гашта, қобилияти шахсии худро дар ҷараёни корӣ истифода намекарданд.
Дар охири асри XX инкишофи муносибати гуманистии роҳбарии одамон вобаста ба инкишофи прогресси илмию техникӣ (ПИТ) ба вуҷуд омад. Чунин раванд ба он оварда расонид, ки коргарон ҷараёни истеҳсолиро худашон идора карда, нақши маҷбурсозии ҷисмонӣ ба ашё ва воситаҳои меҳнатӣ аз байн рафт. Дар натиҷа моҳияти навигариҳои концептуалии зиёд шуда, кор кардан дар компьютер мақоми воло гирифт.
Истеҳсолоти замонавӣ талаб мекунад, ки қарори мустақилона қабул намуда, эҷодкории коллективона карда, барои сифат ва натиҷаи меҳнат ҷавобгар бошем. Чунин муносибат сабаби аз байн рафтани бозори байни менеҷерон, моликиятдорон ва коргарон гашта, демократикунонии идоракунии одамонро ба вуҷуд овард.
Усули гуманистии ташкили истеҳсол мақсади сохтори ғайристандартӣ доштани муҳити истеҳсолиро дошта, барои даст кашидан аз тақсимоти қатъии меҳнат, пайдо кардани имконоти истифодаи қобилияти одамон ва эҷодкории онҳо дар истеҳсолот равона карда шудааст.
Қоидаҳои асосии усули гуманистии роҳбарӣ аз рӯи арзишҳои инсонӣ, ки пайдарпай, ягонагии кору сухан, масъулиятнокӣ, маънавиёти баланд, диққат ва эҳтиромро дар худ таҷассум менамояд, чунин мебошанд:
ташаккули пешакии системи арзишҳои инсонӣ, ки барои аъзоёни коллектив бонси қабул мебошанд;
таъмини коргарон ба ахбори пурраи зарурӣ;
ба коргарон пешниҳод намудани худмухторӣ, имконоти қисман назорат кардани шароити фаъолияти кории худ, нишон додани ташаббус;
ташкили муҳити эҷодӣ, фаъолгардонии сифатҳои хуби иҷрокунандагон, доимии омӯзиш;
қабули одамон дар ҳамон шакле, ки онҳо ҳастанд, мустаҳкам кардани хуббоварӣ, тайёр будан ба созишу гузашт ва ғайра;
даст кашидан аз худситонии ҳокимият, танқиди коргарон бе заруррият, муносибати беадолат ба ҳамаи коргарон, махсусан дар коллектив ва дар навбати худ талаботи қатъи аз онҳо;

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор