Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Ҳар як роҳбар хислати шахсӣ, аз ҷумлаи кордонӣ, зиракӣ, бартарият ва камбудиҳои худро дорад. Вобаста ба ин, ҳар як роҳбар рафтори махсуси худро дорад. Ҳатто доир ба ҳалли як масъалаи оддӣ ду роҳбар рафторҳои гуногун зоҳир менамоянд.

Роҳбарӣ гуфта, мақсадгузорӣ, ҳамоҳангсозӣ, ҳавасмандии роҳбариро меноманд. Натиҷаи роҳбарӣ аз унсур вобаста аст: роҳбар, итоаткунандагон ва тағйир ёфтани ҳолатҳои муносибатҳои дар натиҷаи роҳбарӣ пайдо гашта, ки дар навбати худ ду тараф доранд - функсионалӣ ва шахсӣ.

Муносибатҳои функсионалӣ байни вазифаҳо ва вобаста аз ин аз қарорҳо, масъалагузорӣ, вогузории вазифа ба дигар кас ва ғайра иборат аст. Ин муносибатҳо аз аввали пайдоишашон расмӣ буда, муносибатҳои шахсӣ метавонанд ба ин ҷараён ҳам кӯмак ва ҳам халал расонанд.

Муносибатҳои шахсӣ - ин муносибатҳое мебошанд, ки дар байни шахсон пайдо мешаванд. Дар ин муносибатҳо нисбат ба муносибатҳои функсионалӣ бисёртар пешрафт ба миён меояд.

То охири асри XX дар аксарияти ташкилотҳо муносибатҳои технократӣ ба роҳбарии одамон вуҷуд дошт, ки ин давраро дар илм ба се қисм тақсим мекунанд:

  1. Технократизми аввала дар асоси қоидаи «одам - чизи ёрӣрасон ба таҷҳизот мебошад, бинобар ин - аввал таҷҳизотро инкишоф дода, баъд ба одамон диққат диҳем» амал мекард. Ин дар истисмори қатъии ҷисмонӣ ва маънавии одамон зоҳир мегардад (рӯзи корӣ 16 ҳатто то 18 соат дар як шабонарӯз). Ба меҳнат кӯдакони 4-5 сола ҷалб карда мешуданд. Амалиётҳои кории одӣ сохта шуда буданд, ки малака ва донишро талаб намекарданд.

  2. Технократизми классикӣ одамро баробари таҷҳизот шинохта гирифт. Ин имкон дод, ки фаъолиятҳои меҳнатӣ вобаста аз имконоти физиологии одамон ташкил карда шаванд. Чорабиниҳо барои беҳтар кардани шароити меҳнат дида шуда, аммо одамонро ҳамчун шахсият ба эътибор намегирифтанд.

  3. Технократизми гуманистӣ. Дар ин давра низ муносибат ба мисли пештара буд, аммо илмикунонидашуда ва бе назардошти қобилияти шахсии одамон сурат мегирифт. Чунин як муносибат ба он оварда расонид, ки одамон

пешина
аз 465
навбатӣ