Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Назарияи «У» тарзи идоракунии демократиро, ки дар ширкатҳои ҳозира дида мешавад, нишон медиҳад. Ин тарзе мебошад, ки шакли васеи ғайримарказонидашуда, иштироки фаъоли коргарон дар қабули қарор, мубодилаи озоди ахбори байни роҳбарон ва иштироккунандагон, диққати маъмурият ба масоили инкишофи ҳайјатро дар бар мегирад.

Дар чунин як ҳолат иҷрои ӯҳдадориҳои хизматӣ қаноатмандӣ буда, барои муваффақиятҳо ҳақмузд мегиред ва талаботи олии худро таъмин месозед.

Тарзи демократии идоракуниро коллективӣ низ меноманд, ки роҳбар ба худ ва коргарони худ боварӣ дошта, на коргарон, балки натиҷаи кори онҳоро назорат мекунад. Ба монанди тарзи ҳукмравоии идоракунӣ, идоракунии демократӣ низ ду хел мешавад: машваратӣ ва ҳаммаслакӣ.

Тарзи ҳаммаслакӣ, ки роҳбарон пурра ба итоаткунандагон боварӣ доранд ва доир ба ҳар як масъалаи бамиёномада бо онҳо маслиҳат менамоянд.

Аслан тарзи демократии идоракунӣ дар ҳолате қабул карда мешавад, ки иҷрокунандагон роҳбарони хеле хуб мебошанд. Корро хеле хуб мефаҳманд ва метавонанд, ки қарорҳои хеле ҳам баландсифат қабул намуда, кори роҳбарро осон мегардонанд.

Ҳамин тариқ, тарзи авторитарии идоракунӣ ин нишонагирӣ ба ченаки миқдории иҷроиши кор буда, дар тарзи демократӣ бошад, талаботи асосӣ ин нишондиҳандаи сифат мебошад.

Фарқияти тарзҳои идоракунӣ дар расми зерин оварда мешавад.

Дараҷаи қарори директивӣ
паст баланд
Дараҷаи дастгирии
итоаткунандагон
Баланд Демократӣ, ҳаммаслакӣ Демократӣ, машваратӣ
Паст Ҳукмравоии хубхоҳӣ
(потерналистӣ)
Ҳукмравоӣ, истисморӣ, яккаҳукмронӣ

Расми 1. Гуногуншакли тарзи роҳбарии авторитарӣ ва демократӣ.

Дар куҷое, ки зарурати усули эҷодии иҷрокунандагон доири қарорҳо ва
мақсадҳои гузошташуда пайдо мегардад, ин шакли либералии тарзи идоракунӣ
оиди қабул мебошад. Чунин як тарзи идоракуниро ба бюрократӣ табдил додан

пешина
аз 465
навбатӣ